9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Шамхониро, ки бори аввал бо сафари расмӣ ба мамлакати мо ташриф овардааст, қабул намуд.
Президенти Тоҷикистон ба натиҷаҳои сиёсии вохӯрии ҳайати Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ, ки моҳи ноябри соли 2000 дар Теҳрон баргузор гардида буд, баҳои баланд дод.
10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба иди касбии кормандони матбуот номаи табрикотӣ ирсол намуд.
Эмомалӣ Раҳмон кормандони матбуоти тоҷикро самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки ба боварию эҳтироми халқ сазовор шудани аҳли қалам натиҷаи меҳнати фидокоронаи чандин насли рӯзноманигорони тоҷик аст.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои пойдории сулҳу осоиш, таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, волоияти қонун, бунёди ҷомеаи демократӣ, эҳёву рушди арзишҳои фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон саъю кӯшиш ва истеъдоди худро дареғ намедоранд.