Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода

10.02.2017 12:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кӯмаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Доир ба ҳодисаҳои табиии рӯзҳои охир ва тадбирҳои таъҷилии сохторҳои масъули давлатӣ дар амали бартарафсозии оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар Сарвазири мамлакат, муовини якуми Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Тавре таъкид гардид, бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма дар минтақаҳои баландкӯҳ, вазъ дар ин минтақаҳо ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, ин ҳолат боиси хисороти зиёди иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардид.

Сарвазири мамлакат изҳор доштанд, ки дар чунин рӯзҳои сахт вазъияти ба амаломада пайваста таҳти назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имконоту иқтидорҳои мавҷудаи кишвар ба рафъи оқибатҳои боришоти зиёди барфу борон, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар ҳодисаҳои геологию гидрологӣ сафарбар карда шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин доир ба вазъи кунунии минтақаҳои зарардида ва тадбирҳои аввалиндараҷа дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир, ҳисоботи роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Ширкати «Иновайтив Роуд Салюшенс, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд шунида шуд.

Зикр гардид, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақаҳои хатарнок, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани иншооти роҳу нақлиёт, дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ ва пешгирӣ аз ҳама омилҳои ба иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат зиёновар тадбирҳои таъҷилӣ амалӣ гардида, кори ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида шуданд.

Дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аъзои Комиссияи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуданд.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои автомобилгарди мамлакат, тоза кардани иншооти роҳу нақлиёт аз барфу тарма, таҳияи нақшаи нави сохтмони иншооти ҳимоявӣ дар шоҳроҳҳое, ки аз мавзеҳои баландкӯҳ мегузаранд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳама минтақаҳои хавфнок ва расонидани ёрию дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолии зарардида, хусусан оилаҳои наздиконашонро дар натиҷаи ин ҳодисаҳои табиӣ аз даст дода, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои вусъат бахшидани корҳои наҷотдиҳӣ ва беҳдошти ҳолати омодабошии наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамал дар вилояту минтақаҳо, таҳияи нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ дар минтақаҳои хавфнок ва омӯзишу таҳлили вазъи пиряхҳо, кӯлҳо ва захираҳои барф дар қаламрави мамлакат то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои кӯчондани аҳолӣ аз мавзеҳои хавфнок, ҷалби шарикону ҳамкорони байналмилалӣ ба раванди бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва пешгирӣ аз амалҳои ғайримақсаднок ҳангоми тақсимоти захираҳои давлатӣ ва кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида вазифадор гардиданд.

Аз масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамзамон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими гармо, ки эҳтимолияти ба вуқуъ пайвастани офатҳои табиӣ бештар мегарданд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои нисбатан хавфнок бо ҷалби иқтидору имконоти мавҷуда ва нерую тавони аҳолии маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, ба миқдори зарурӣ нигоҳдорӣ ва захира намудани техникаҳои корӣ, сӯзишворию маводи ғизоӣ ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию ҳамарӯза огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи боду ҳаво ва эҳтимолияти ба вуқуъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода тавассути васоити ахбори омма талаб карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520