Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек

10.02.2017 17:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачекро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чехия ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Чехия, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Чехия, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия дар ибтидои моҳи декабри соли гузашта имзошуда, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чехия изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкори судманд карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520