Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар

20.04.2012 20:40, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз дар толори калони Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар бори нахуст беш аз 1300 нафар иштирок намуд. Ба кори он дар баробари аъзои ҳукумат ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин роҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз маҳалҳо ва роҳбарияти як зумра корхонаю ширкатҳои хусусӣ даъват шуда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии таҳлилии худ аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмӯъ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон барои бартараф намудани як қатор камбудиҳои мавҷуда дар назди масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар се моҳ ба 5,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши он ба 7,2% баробар шуд. Ҳаҷми таваррум бошад, 1,2% - ро ташкил дод. Ба Буҷети давлатӣ 2 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки ин ба 104% нақшаи даромадҳо баробар буда, нисбат ба семоҳаи якуми соли 2011 312 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба масъулин доир ба иҷрои нақшаи минбаъдаи даромад ба буҷети давлатӣ, пардохти саривақтии маошу нафақа, аз ҷумла бо назардошти афзоиши имсолаи он, ба низом даровардани тартиби таъиноти нафақа, ба хусус нафақаҳои маъюбӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрории заминҳои обӣ ва ду ва зиёда ҳосил рӯёндан ва ҳамчунин барои аз ҳозир захира намудани озуқаворӣ, маводи сӯхт ва хӯроки чорво барои зимистони оянда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бори дигар таъкид гардид, ки ҳар як хонавода ва ҳар як субъекти хоҷагидорӣ бояд захираи дусолаи маводи зарурӣ дошта бошанд. Ба корхонаҳои саноатӣ дастур дода шуд, ки то охири соли равон пурра ба истифодаи ангишт ва дигар сӯзишвориҳои алтернативӣ гузаранд.

Доир ба натиҷаҳои семоҳа, ҳамчунин ахбори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳо низ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо, ҳамчунин доир ба тармиму навсозии роҳҳои мошингарди марказҳои шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, ба низом даровардани тақсимоти замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Таъкид гардид, ки барои тозаю озода кардани муҳити зист рӯзҳои 28 – ум ва 29 – уми апрел ҳашари умумиҷумҳуриявӣ эълон карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520