Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.04.2001 15:00, шаҳри Душанбе

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис дар бораи ба вазифаҳои гуногун таъин кардани кадрҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"-ро маъқул донист.

Дар маҷлис Созишномаи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои дарозмуддати тиҷоратию-иқтисодӣ ва дар соҳаи саноат тасдиқ гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни маҷлис Президенти мамлакат аз ташкилотҳои дахлдор талаб намуд, ки вазъияти ғайриқаноатбахши ҷамъ овардани пули истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқи истифодашударо беҳтар намоянд. Бо пешниҳоди Сардори давлат бо мақсади ба тартиб даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии мамлакат мувофиқи квотаи муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2001-2005 қарор қабул гардид. Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои дигари ҳаёти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни пешрафти мамлакат қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520