Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 50-солагии Академияи илмҳои Тоҷикистон

18.04.2004 13:00, шаҳри Душанбе

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 50-солагии Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

 Маҷлисро раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов бо сухани ифтитоҳӣ кушода, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод. Дар баёнияи худ, Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: "Яке аз вазифаҳои афзалиятноки Академияи илмҳо инкишофи илмҳои дақиқ мебошад, ки бе дастовардҳои онҳо пешрафти минбаъдаи мамлакат амри маҳол аст".

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва замонавӣ, ки ҳалли он иштироки фаъолонаи олимони моро тақозо менамояд, омӯзиши ҳамаҷонибаи сарватҳои табиӣ, захираҳои ашёи хом, ба истеҳсолот ҷалб кардани захираҳои гидроэнергетикӣ, коркарди металҳои нодиру ранга мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баҳри Арал ва кӯли Сарез ва кӯмаки байниҳамдигарии кишварҳои минтақаро дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз номид. Эмомалӣ Раҳмон аз олимони тоҷик ворид намудани ислоҳоти ҷиддиро ба стратегияи истифодаи захираҳои об ва манбаъҳои дигари энергетикӣ талаб намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520