Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

17.02.2017 10:29, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ҳамчунин раисони суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъин шуданд. Ҳамчунин қариб 60 нафар коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд.

Аксарияти кадрҳои ба вазифаҳои судяи шаҳру ноҳияҳо таъингардида, мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва соҳибтаҷриба буда, аз ҳисоби коромӯз-судяҳое мебошанд, ки баъди гузаштан аз озмун муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳо таҳсил кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои дар зинаҳои роҳбарии судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардида, ки аксарияташон ҷавонони корозмӯда мебошанд, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520