ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 15 марти соли 2017 №122
ш. Душанбе
Дар бораи Директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Раҳматуллозода С.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон