Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

18.03.2017 16:04, шаҳри Душанбе

Ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва эътидоли баҳорӣ – Наврӯзи байналмилалӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои ҳавзаи фарҳангии ин иди бостонӣ, аз ҷумла ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов номаҳои табрикӣ ирсол намуд.

Дар ин барқияҳо зикр гардидааст, ки Наврӯз – яке аз идҳои писандидатарини Машриқзамин – бо анъанаҳои башардӯстонаву созандаи худ – некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, покдиливу ҳусни ният ва эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодири тамаддуни умумиинсонӣ пазируфта шуда, машҳури олам шудааст. Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки кишварҳои мо, бо такя ба ғояҳои фарозандаву арзишманди он, минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкориҳои судмандашонро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.

Дар арафаи ҷашни хуҷастаи Наврӯзи ҷаҳонӣ аз номи як қатор  роҳбарони кишварҳои мухталиф низ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрикоти зиёди идона ирсол гардидаанд.

Аз ҷумла, дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед ба муносибати ҷашни анъанавии Тоҷикистон-ҷашни Наврӯз аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро изҳор дорам.

Ман ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон аҳамияти хос зоҳир менамоям ва азм дорам, ки якҷоя бо Шумо муносиботи шарикӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Чину Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳои кишварҳоямон пайваста ба сатҳи нав бардорем.

Ба Шумо саломатии бардавом ва ба корҳоятон муваффақиятҳои калон орзумандам. Ба мардуми дӯсти тоҷик хушбахтӣ ва бурдборӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст:  

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати ҷашни барои халқҳоямон умумӣ-Наврӯз қабуд фармоед.

Бигзор ҷашни ба динҳову забонҳо тақсимнашавандаи Наврӯз, ки ба ваҳдату шукуфоӣ даъват намуда, ба тамоми одамон рафоҳат мебахшад, ба халқи бародари мо фараҳу иқбол орад.

Мутмаинам, ки муносибатҳои мавҷудаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар ҳамдигарфаҳмию шарикии созгор асос ёфтаанд, минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар густариш ва рушд меёбанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Эмомалӣ Шарипович дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Боиси ифтихори бузург аст, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати фарорасии иди зебои баҳор, офариниш ва эҳё – Наврӯз ирсол медорам.

Наврӯз, ки бо куҳанбунёдӣ ва зебоии аҷиби худ фарқ мекунад, аз азал асолат ва қаринии тафаккур, анъана ва марому мақсадҳои неки мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҷассум менамояд.

Фалсафаи амиқи Наврӯз моро ҳамеша ба таъмини некӯаҳволии мардумони минтақа, ҳифзи сулҳу субот ва инчунин ба эҳтироми рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагӣ ҳидоят мекунад.    

Ин ҷашн ҳамчунин рамзи ҳавасмандии мо ҷиҳати ҳаматарафа баланд бардоштани ҳамгироии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар асоси принсипҳои қавии дастгирии ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн мебошад. Мутмаинам, ки муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи дарозмуддат миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ пайваста таҳким хоҳанд ёфт.

Дар ин рӯзҳои идона, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович ва ба аъзои оилаатон хушбахтиву саодатмандӣ, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон – сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзу менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар барқияи худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми халқи тоҷикро ба муносибати иди баҳор – Наврӯз аз самими қалб табрик менамоям!

Бо ин иди таърихӣ аз қадимулайём халқҳои мо ба оянда умедҳои нек ва дурахшон баста буданд. Бигзор Наврӯз, ки рамзи эҳё ва садоқат ба анъанаҳои аҷдодони хирадманд маҳсуб мешавад, ба таҳкими минбаъдаи рӯҳияи умумӣ ва дӯстии байни халқҳои мо боис гардад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон – сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Бо шарафмандӣ ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрикоти самимӣ ва таманниёти некӯаҳволӣ ва шукуфоиро ирсол медорам.

Анъанаҳои неки Наврӯз, ки онҳоро халқҳои мо дар тӯли асрҳои зиёд гироми медоштанд, имрӯз эътирофи байналмилалӣ гирифтанд. Шомил шудани Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО тасдиқи дигари беназирӣ ва аҳамияти умумибашарии ӯ гардид. Ин ҳамчунин аз ҳавасмандии пойдори мардумони кишварҳои мо ба принсипҳои олии инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ, ки ба дӯстӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамзистии осоишта даъват менамоянд, шаҳодат медиҳад.      

Бигзор ин ҷашни зебои баҳор ва эҳё барои Шумо ва мардуми бародари кишваратон шодӣ, шукуфоӣ ва пешрафт орад».

Дар барқияи табрикии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни бостонии Наврӯз, ки таҷассумгари волотарин арзишҳои маънавист, табрик мегӯям.

Ин ҷашни баҳорӣ, ки ба эҳёи табиат ва оғозҳо пайваста аст, мардумро ба корҳои нек, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамгироӣ ва ҳамраъйӣ даъват мекунад.

Умедворам, ки кӯшишҳои якҷояамон минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон, ҳифзи арзишҳои воло ва анъанаҳои Наврӯз дар роҳи рушди дӯстӣ ва ҳамкорӣ, густариш ва таҳким меёбанд.

Дар ин рӯзҳои идона ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар корҳоятон муваффақият ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу бурдборӣ таманно дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520