ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти
судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2011-2013
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, инчунин баланд бардоштани нақши он дар ҷомеа фармон медиҳам:
1. Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ карда шавад.
2. Иҷрои талаботи Барномаи мазкур ба зиммаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурўҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузории дахлдор гузошта шавад.
3. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
3 январи соли 2011
№976