Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Турсунзода

21.03.2017 10:10, шаҳри Турсунзода

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои 6-ошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти тозабунёд аз 4 қисм иборат буда, бо маблағи 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров бунёд карда шудааст. Бинои мазкур аз 153 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор иборат мебошад ва масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ, ки бо тарзи миллии меъморӣ сохта шудааст, 5 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бино бо маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якуми он соли 2015 оғоз гардида буд. Лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АРХ Строй» тарҳрезӣ гардида, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Капитал АА-2014» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Соҳиб Дӯст» мебошанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Саҳни бино ба таври муосир оро ёфта, барои фароғату бозии хурдсолон майдончаи нави варзишӣ ба истифода супурда шуд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар маркази хизматрасонии он наздики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд. Минбаъд меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд дар ин ҷо аз намудҳои гуногуни хизматрасонии ба талаботи замон ҷавобгӯй баҳравар шаванд.

Соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста ва таъмини шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳр боз 2 бинои баландошёнаи истиқоматиро бо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохти меъморӣ ва сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди боз як бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз туҳфаи арзанда ба сокинони саодатманди шаҳри Турсунзода маънидод карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520