Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим

23.03.2017 13:11, шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9 - ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо харҷи 15 миллиону 286 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аюб Тоҳиров сохта ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои 9 - ошёна коргарону мутахассисони ватанӣ ба анҷом расондаанд ва иншооти мазкур аз нигоҳи меъёрҳои меъморӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгу мебошад.

Бинои истиқоматӣ дорои 50 хона, аз ҷумла 10 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ, 10 сеҳуҷрагӣ ва 12 хонаи чорҳуҷрагӣ аст. Дар ошёнаҳои 1 ва 2 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мебошад.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ иқдоми шоиста арзёбӣ карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандўст Аюб Тоҳиров барои анҷоми кори хайр, иқдоми наҷибу савоб дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, изҳори сипос карданд.

Оилаҳои маъюбе, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи супосу миннатдорӣ карданд.

Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ барои 450 нафар ятимони кул дастурхони наврӯзӣ ороста шуда, ҳамзамон хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯдаконро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз табрику таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520