Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад”

24.03.2017 12:31, шаҳри Исфара

Дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ аз шароити нави осоишгоҳ, ки коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Сомонсуғд” баҳри мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии осоишгоҳ барои мизоҷон муҳайё кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳо бинои рақами 4 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, хизматрасонии ошхонаи осоишгоҳ ба талаботи рӯз мутобиқ карда шудааст.

Аз тарафи кормандони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Сомонсуғд” ҳамчунин дар ҳудуди осоишгоҳ бо мақсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоҳ бо гӯшт, шир, сабзавоту полезӣ фермаи моливу ширӣ, паррандапарварӣ ва 4 адад гармхона бунёд карда шудааст.

Бо мақсади ба як ҷойи боз ҳам хушбоду ҳаво ва дилнишин мубаддал гардонидани ин мавзеъ дар осоишгоҳ 4 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда, 1000 дона дарахтони ороишӣ ва 11 ҳазор бех гули гуногун шинонида шудааст.

Дар маҷмуъ барои корҳои таъмиру таҷдиди осоишгоҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ беш аз 20 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи нави осоишгоҳи “Зумрад” санги асос гузоштанд.

Меҳмонхона аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар таҳхона ташкил намудани хуҷраҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ ва ҳуҷраҳои қабули табибон, инчунин толори варзишӣ-фитнес, нуқтаҳои тиббӣ, фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, армуғонҳо ва кошонаи ҳусн, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои 300 нафар истироҳаткунанда - аз ҳуҷраҳои як ва дунафара ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо мутобиқ ба талаботу меъёрҳои стандарти муосир бунёду муҷаҳҳаз ва бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда хоҳанд шуд. Боми бино низ барои истироҳату фароғат ва ҳам пешбурди амалҳои иқлимшифоӣ - табобат бо нури офтоб пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша дар ду соли оянда барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон бо ин 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ бо кор мусоидат менамояд.

Дар шафати бинои мазкур низ мутобиқи лоиҳаи муосир аквапарк бунёд карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Лоиҳаи бунёди Маркази ташхисӣ-табобатии муосир иборат аз 2 - ошёна дар даромадгоҳи осоишгоҳ муаррифӣ карда шуд. Дар ин ҷо инчунин сохтмони қароргоҳи ҳукуматӣ барои қабули меҳмонони фахрӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар масоҳати 5,6 гектар замини ҷудогардида мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ бунёд карда хоҳад шуд. Қароргоҳ аз меҳмонхона, табобатгоҳ, тарабхона, майдони варзишӣ, ҳавзҳои тобистона ва зимистонаи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани гуфтушуниду ҷаласаҳо, фаввораю гулгаштҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар Осоишгоҳи “Зумрад” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ бобати муҳайё намудани шароити хуби истироҳату табобат ва тавонбахшӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар иқдомоти шоиста баҳои баланд дода, ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520