Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

25.03.2017 08:36, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.

Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти чорвопарварӣ, пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ин хоҷагӣ дар майдони умумии 658 гектар пунбадона кишт шуда, аз ҳар як гектари он деҳқонон ба ҳисоби миёна то 23 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол аз рӯи нақшаи пешбинишуда, кишоварзони хоҷагии мазкур аз 70 ҳазор гектар замини дар ихтиёрдошта дар майдони 800 гектар кишти пунбадона мегузаронанд. Ҳамасола васеъ кардани майдони кишти пахтаро хоҷагидорон ба манфиатовар будани ин самти соҳаи кишоварзӣ марбут медонанд.

Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо саҳмдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов изҳор доштанд, ки ҳангоми кишт ба навъ ва сифати пунбадона аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Барои хуб нашъунамо ёфтани ниҳоли пахта корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳӣ саривақт ва бо меъёри зарурӣ иҷро карда шаванд. Танҳо дар ин ҳолат ҳосили фаровони пахта рӯёндан мумкин аст.

Имсол хоҷагидорон дар заминҳои худ кишти пахтаро бо истифода аз тухмии серҳосили хориҷии навъи "Флеш" ба нақша гирифтаанд. Ба иттилои масъулон, тухмии нав дар шароити иқлими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб сабзиш ёфта, деҳқонон ният доранд, ки аз ҳар гектар замин аз 40 то 60 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Барои сари вақт ва босифат анҷом додани маъракаи кишти пахта ҳамаи техникаҳои кишоварзии хоҷагӣ, ки аз 13 адад техникаи нармкунандаи замин, 7 адад тухмипошак ва 13 култиватор иборат мебошад, омодаи кор аст.        

Пешвои миллат ҳамзамон аз боғи интенсивии Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов дидан намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, боғи навбунёди интенсивӣ, ки масоҳати 40 садякро дар бар мегирад, дар ҷойи боғҳои кӯҳна бунёд гардидааст. Дар боғ асосан ниҳолҳои шафтолуи навъи "Роял сумерк", навъи олуи "Июнская роза" ва зардолуи машҳури "Мирсанҷалӣ" шинонда шудааст.

Пешвои миллат барои деҳқонон манфиатбахш будани боғи интенсивиро шарҳу эзоҳ дода, таъкид доштанд, ки дар шароити кӯҳистон бунёд кардани чунин боғ хеле қулай аст, зеро дар масоҳати на он қадар калон шумораи зиёди ниҳолҳоро шинондан мумкин аст. Яке аз бартариятҳои боғи интенсивӣ дар зуд ба ҳосил даромадани дарахтон мебошад. Аллакай баъд аз ду сол боғҳои навбунёди интенсивӣ боровар мешаванд. Дар байни қатори дарахтон бошад боғдорон метавонанд навъҳои гуногуни сабзавот ва полезӣ кишт намоянд.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истеҳсоли меваҳои хушсифати содиротӣ ҷалб намуда, зикр карданд, ки бо васеъ шудани масоҳати боғҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба масъалаи коркард ва хушкондани меваю сабзавот низ аҳамияти зарурӣ дода шавад. Дар навбати худ деҳқонон иброз намуданд, ки айни ҳол дар хоҷагӣ дар майдони 1200 га боғу токзорҳо мавҷуд аст, ки ҳосили меваи онҳо на танҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам содирот мешавад. Иброз гардид, ки дар ҳамаи самтҳои соҳаи хоҷагидории Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов зиёда аз 600 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки самараи меҳнати онҳо хони сокинони кишварро бо маҳсулоти гӯштӣ ва меваю сабзавоти тару тоза оро медиҳад.

Пешвои миллат ба коргарони хоҷагӣ барои рушди боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замин, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо ва ба ҳамин восита таъмин намудани бозорҳои ноҳия ва вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо даданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520