Зимни сўҳбати пурмўҳтавои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва ҳусни ҳамсоягӣ баррасӣ гардид.
Таваҷҷўҳи зиёд ба ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва тезондани татбиқи амалии нақшаҳои стратегии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб таъкид доштанд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва болобарии бештари иқтидори транзитии ду кишвар созишномаҳои транзитии Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя бояд бидуни таъхир, омода ва имзо гарданд. ҳамчунин таъсиси Анҷумани муштараки соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Афғонистон зарур шумурда шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ доир ба пайвасти шабакаҳои барқӣ ва нақлиётию транзитии ду кишвар ва ҳамчунин бунёди иқтидорҳои нави энергетикаи барқии Тоҷикистон мавриди дастгирию пуштибонии васеъ қарор мегиранд.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷоннок намудани фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.