Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзӣ

24.04.2001 11:00, шаҳри Душанбе

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзиро, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, қабул намуд.

Дар рафти вохӯрии муштарак роҳбарони намояндагиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ки сармоягузорони асосии лоиҳаҳои иқтисодии инкишоф дар Тоҷикистон мебошанд, дар бораи натиҷаҳои амалигардонии барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ, нақшаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо дар ояндаи наздик ба Эмомалӣ Раҳмон ба таври умумӣ иттилоъ доданд.

Сардори давлати Тоҷикистон мушаххасу далелнок мавқеи худро аз рӯи тамоми паҳлӯҳои масъалаҳои муҳокимагашта баён намуд ва ба намояндагони тобеи худ оид ба амалигардонии ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520