25 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли САҲА Ян Кубиш, ки ба мамлакати мо бо сафари расмӣ омадааст, вохӯрд.
Сардори давлат таваҷҷӯҳи Ян Кубишро ба ҳамкориҳои боз ҳам самарабахши САҲА оид ба масъалаҳои меъёрҳои инсонӣ, таҳкими сохторҳои демократии ҷомеа ва асосҳои иқтисодии амният ҷалб намуд.