Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.05.2001 12:30, шаҳри Душанбе

2 май Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат суханронӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз он ҷумла қайд кард, ки соли гузашта барои мо боз як давраи таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва идомаи ислоҳоти пайдарҳами иқтисодӣ буд. Дар ин муддат мо ба ҳамкории самараноку доимӣ миёни ҳокимияти олии қонунгузори касбӣ ва ҳокмияти иҷроия муваффақ шудем, ки ин дар таърихи миллатамон падидаи нав аст.

"Мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб қаноатмандии худро аз ин ҳамкорӣ, ки боиси боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа гардид, изҳор намоям" - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

"Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ - давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин бо назардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем.

Дар ин маврид, пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки Парламенти Тоҷикистон якҷоя бо Президент ва Ҳукумат як қатор қонунҳои нав қабул намуд, ки онҳо соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва давлати моро танзим менамоянд.

Дар иртибот бо фаъолияти Маҷлис мехоҳам як нуқтаро хотирнишон созам, ки робитаҳои кории мақоми олии қонунбарори мо бо парламентҳои кишварҳои гуногуни олам дар як муддати кӯтоҳ хеле вусъат пайдо кард ва таҳким ёфт.

Таъмин ва таҳкими устувориву субот дар ҳаёти ҷомеа сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон ва боиси боз ҳам афзудани нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ гардид". - ёдовар шуд Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520