2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди осоишта дар Тоҷикистон Иво Петровро қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ Иво Петров ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои сафараш ба мамлакатҳои кӯмакрасонандаи асосии Тоҷикистон, ки намояндагонашон бояд дар кори ҷаласаи токиоии Гурӯҳи машваратӣ оид ба мусоидати иқтисодӣ ба Тоҷикистон дар давраи баъдиҷангӣ иштирок намоянд, иттилоъ дод.