Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулгузорӣ дар боғи Ғалаба

09.05.2001 12:00, шаҳри Душанбе

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пояи сутуни ёдгории майдони Ғалабаи пойтахт бахшида ба 56-умин солгарди ғалаба бар фашизм гулчанбар гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷанг ва ҳамаи сокинони мамлакатро бо ин ид табрик намуда, афзуд, ки "9 май ҳақиқатан иди бузурги миллӣ мебошад. Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ивази ҳазорҳо қурбонӣ ва қаҳрамонии бемисли аскарону афсарон ба даст оварда шуд".

 "Саҳми фарзандони Тоҷикистон низ дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ калон аст. Номҳои қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Саидқул Турдиев ва ҳазорон нафар ҳамдиёрони мо дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд" - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520