21 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки марказии Россия Виктор Геращенкоро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи 2-юми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ(миллӣ)-и мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупоию Осиёӣ ба Душанбе омадааст, қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои номбурда мавриди табодули назари ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳолат ва роҳҳои ҳалли баъзе мушкилоти ҳамкориҳои байни Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Россияро дар доираи ҳуҷҷатҳои қаблан баимзорасида баррасӣ намуданд.