24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян мулоқот намуд.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо таҳлили умумии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистонро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ баррасӣ ва таҳлил намуданд.
Зикр гардид, ки дар муддати солхои 1992-2001 Тоҷикистон ва Арманистон 10 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонидаанд.