Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони мамлакатҳои ИДМ

01.06.2001 14:00, Беларус

1 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони мамлакатҳои ИДМ иштирок намуда, мавқеи худро аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда баён намуд.

Сарони давлатҳои ИДМ 10 масъала, аз ҷумла, дар бораи муроҷиатномаи Сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ба халқҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ марбут ба 60-солагии ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар бораи муроҷиати иштирокчиёни Пленуми Шӯрои ҳамоҳангсози ташкилоти ветеранҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, дар бораи Созишномаи мамлакатҳои узви ИДМ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои соҳаи иттилооти компютерӣ, дар бораи чорабиниҳои бахшида ба 15-солагии садамаи НАБ-и Чернобил, дар бораи маълумот оид ба рафти иҷрои Қарори Шӯрои Сарони мамлакатҳои ИДМ аз 1 декабри соли 2000 дар бораи Маркази зиддитеррористии мамлакатҳои - узви ИДМ, дар бораи рафти ташаккулёбии минтақаи савдои озод, дар бораи иҷрои Барномаи фаъолият оид ба инкишофи ИДМ дар давраи то соли 2005, дар бораи Маърӯза оид ба рафти иҷрои Барномаи байнидавлатии чораҳои муштарак оид ба терроризми байналхалқӣ ва дигар зуҳуроти экстремизм дар давраи то соли 2003, дар бораи давом додани мӯҳлати бозисти ваколатҳои Қувваҳои дастаҷамӣ оид ба дастгирии сулҳ дар минтақаи Абхазистон ва ғайраро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520