15 июн дар Шанхай вохӯрии 6 давлат дар шакли ҷаласаи ҳайати васеъ идома дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда сухан намуд
Пас аз анҷоми ҷаласа маросими ба имзо расонидани "Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай" ва "Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм" ва бо намояндагони матбуот вохӯрӣ баргузор гашт.