Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати солгарди чоруми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

27.06.2001 10:00, шаҳри Душанбе

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди чоруми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик кард.

Дар паёми табрикии Сарвари давлат аз ҷумла омадааст:

27 июн аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чор сол мегузарад, яъне ниҳоли сулҳи саросари Ватани азизамон чорсола мешавад.

Бо фармони махсуси Президенти мамлакат соли чорум аст, ки ин рӯзи саид ҳамчун яке аз ҷашнҳои муҳимтарини миллӣ бо шукуҳу хушҳолии хоса таҷлил мегардад.

Зеро сулҳу оромӣ бунёди ҳастии ҷомеа, пойдевори бинои мӯҳташами миллат, кафолати осоиш ва шарти аввалини пешрафти зиндагии халқ аст.

Бо дарки маҳз ҳамин ҳақиқати баҳснопазир, Хукумати кишвар ҳанӯз аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ - даврае, ки муқовимати муссалаҳонаи шадид ҳанӯз идома дошт, роҳи мусолиматомези ҳалли проблемаро пеш гирифта, қотеона эълон карда буд, ки ин роҳро то ба охир, то рӯзи расидан ба мақсади олӣ, яъне ноил шудан ба мусолиҳаи миллӣ ва таъмини сулҳу оромӣ тай хоҳад кард.

Ҳукумат консепсия мусолиҳаи миллиро аз рӯзҳои аввалаш ҳамчун ғояи танзими низои минтақавӣ пешниҳод намуд, ки мувофиқи он мебоист муноқиша на бо роҳи истифодаи зӯрӣ ва фишороварӣ ба ҷониби дигар, балки таввасути музокирот, пеш гирифтани сиёсати созишу муросо ва гузашт ҳаллу фасл карда мешуд.

Мо ба мақсади гузошта ва роҳи пешгирифтаи худ содиқ мондем ва консепсияи мусолиҳаи миллиро ҳамчун барномаи комил ва миқёсан бузурги сиёсӣ амалӣ намудем.

Ба даст овардани гавҳари мақсуд, яъне расидан ба муросои миллӣ ва сипас барқарор намудани сулҳ дар саросари мамлакат кори басо сангину мураккаб ва дар баъзе мавридҳо тоқатшикан буд.

Раванди дурударози музокирот, бо талаботи вазъи сиёсиву иҷтимои мамлакат мутобиқ гардонидани асноди қабулшаванда ва муҳимтар аз ҳама шароити тағйирёбандаи он рӯзҳо аз шахсони масъули ин кор сабру тамкин ва бардошти устувори сиёсиро талаб мекард.

Роҳнамову нерӯбахши мо дар ин кори хайр майлу ирода ва орзуи халқамон буд. Яъне сулҳ хости халқ ва мароми мардум буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520