Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Украина

06.07.2001 14:00

5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ сафар кард.

5 июл дар Қасри Мариин дар пойтахти Ҷумҳурии Украина маросими расмии пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабри аскари номаълумро дар майдони Шарафи Киев зиёрат карда, дар хиёбон бо сокинони Киев гуфтугӯи самимона ва озод намуд ва баъди анҷоми мусоҳиба (интервю) дар шабакаи аввали телевизиони миллии Украина бо Сарвазири Украина А.Кинах сӯҳбат намуд.

6 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз муассисаи дорусозии "Дарнитса" ва мамнӯъгоҳи таърихию меъмории Киевско-Печёрский дидан кард. Баъд бо мири шаҳри Киев А.Омельченко мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он маросими ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани дипломи "Меҳмони ифтихории Киев" барпо гардид.

6 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати намояндагони Тоҷикистон намоишгоҳи техникаи кишоварзиро дар шаҳраки "Чубинское" тамошо карданд ва баъди он Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Радаи Олии Украина И.Плющ мулоқот намуд.

6 июл дар Қасри Мариин маросими расмии имзои санадҳои байнидавлатии Тоҷикистону Украина баргузор гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520