13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд боздиди корӣ ба амал овард.
Шиносоии Сардори давлат бо вазъияти иҷтимоию иқтисодии вилоят аз ноҳияи Конибодом оғоз ёфт. Ҳангоми ташриф ба Ҷамъияти саҳҳомии "Шоҳон", ки яке аз корхонаҳои бузургтарини коркарди нафт маҳсуб мегардад, Эмомалӣ Раҳмон ба муассисон ва мутахассисони корхонаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна ташаббусро, ки ба манфиати халқ ва давлат равона гардидааст, ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми аз назаргузаронии пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии "Ирам" ба фаъолияти олимон ва муҳаққиқони хоҷагии мазкур, ки навъҳои пахтаи тезрас ва серҳосили "Ирам", "Ирам-1"-ро ихтироъ намудаанд, баҳои баланд дод ва қайд намуд, ки пешравии ҳамаи соҳаҳо аз илм вобастагии зиёд дорад.
13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти яке аз хоҷагиҳои машҳури вилояти Суғд, Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова шинос гардид.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар хоҷагии мазкур зиёда аз даҳ навъи пахтаи серҳосил парвариш карда мешавад ва он дар риштаи чорводорӣ низ хеле пешқадам аст. Ҳамчунин вобаста ба дастовардҳои хоҷагии мазкур таъкид намуд, ки таҷрибаи чорводории он бояд ҳатман мавриди омӯзиш ва истифодаи дигар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ қарор дода шавад.