Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷилликӯл

21.07.2001 12:00, ноҳияи Дӯстӣ

21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷилликӯл ташриф овард.

Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Э.Султонов бо деҳқонон сӯҳбат ороста, ба онҳо масъалаи боз ҳам беҳтар намудани зиндагии аҳолии деҳотро баррасӣ кард. Кишоварзони хоҷагӣ барои таваҷчӯҳ ва ташрифи Сарвари давлат ба хоҷагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон бо нишони эҳтиром ба ҷойҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат мақбараи яке аз шахсони мӯътабари минтақа Имом Зайнолубиддинро зиёрат кард.

Сарвари давлат ҳангоми сӯҳбат бо сокинони маҳал зикр намуд, ки ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои муқаддас таҳти ҳимояти давлат қарор дошта, барои обод ва ҳифз кардани он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои амалӣ андешида мешавад.

21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми сафари кориаш ба вилояти Хатлон дар хоҷагии "Маскав"-и ноҳияи Ҷилликӯл бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту хоҷагиҳо ва мақомоти муҳофизи тартиботи вилояти Хатлон мулоқот кард.

Дар мулоқот роҳбарони 26 шаҳру ноҳия ва бештар аз 1200 корманди масъули корхонаю ташкилотҳои вилоятӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот фаъолияти ҳамаи корхонаю муассиса ва хоҷагиҳои вилоят дар давоми шаш моҳи аввали соли равон, комёбиҳо ва мушкилоти онҳо, инчунин тадбирҳои марбут ба истиқболи арзандаи ҷашни даҳсолагии истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сарвари давлат таваҷҷӯҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба таъмини амнияти шаҳрвандон ва мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ҷалб намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520