Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

06.08.2001 14:00, шаҳри Душанбе

6 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расонд.

6 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2001 қабул ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2001 ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур аз 7 фасл, 10 боб ва 143 модда иборат буда, муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии судҳо танзим менамояд.

Муқаррароти Қонуни конститутсионии мазкур қоидаҳои умумиро оид ба ҳокимияти судӣ, вазифаҳои суд, ягонагии мақоми судяҳо ва мустақилияти онҳо, манъ будани дахолат ба фаъолияти судя, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ, дахлнопазирии судя, таъмини амнияти судяҳо, аъзои оилаашон ва молумулки онҳо муқаррар намуда, тартиби интихоб (таъин) ва озод (бозхонд) намудани судя, системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти судӣ ва дигар масъалаҳои таъминоти ташкилӣ ва моддию техникии судҳоро танзим менамояд.

Тибқи меъёрҳои ин Қонуни конститутсионӣ ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва инчунин дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун ба машваратчиёни халқии барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалбшуда тааллуқ дошта, ягон мақомот ва шахсони дигар ҳуқуқи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ" аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2001 қабул ва 23 июли соли 2001 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 45 модда иборат буда, муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуҷҷатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот, офаридани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоот ба миён меоянд, танзим намуда, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабули Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 28 июни соли 2001 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 23 июли соли 2001 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Кодекси номбурда аз 2 қисм, 10 фасл, 23 боб, 226 модда ва замима оид ба номгӯи амволе, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад, иборат буда, мақсади он аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чи аз тарафи онҳо ва чӣ аз ҷониби ашхоси дигар иборат аст.

Кодекси мазкур дорои вазифаҳои танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ба маҳкумшудагон расонидани ёрӣ ҷиҳати адаптатсияи (одат кардан ба муҳити) иҷтимоӣ мебошад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2001 қабул ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2001 ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур аз 2 боб ва 39 модда иборат буда, ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.

Тибқи меъёрҳои Қонуни конститутсионии мазкур узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ буда, салоҳияти қонунгузорӣ ва дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, амалӣ мекунанд.

Ҳамчунин, Қонуни конститутсионии зикргардида кафолатҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, шаклҳои фаъолият ва ҳуқуқҳои онҳоро муайян намуда, тартиби таъминоти иҷтимоӣ, нафақа, дахлнопазирӣ, амният ва ҳуқуқҳои меҳнатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро танзим менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520