11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ҷумҳурӣ мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Сарвари давлат зикр намуд, ки дар давоми 10 соли охир нахустин мулоқот бо соҳибкорон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзааш ба масъалаҳои муҳимтарини тараққиёти соҳаи соҳибкорӣ дахл намуда, гуфт, ки нақшаи дурнамои фаъолияти ҳукумат тезонидани ислоҳоти иқтисодиёт мебошад. Яке аз роҳҳои он тараққиёти соҳибкорӣ аст. Ба ақидаи Сарвари давлат дар ин бобат ривоҷи тиҷорати хурд ва миёна нақши муҳим бозида метавонад.
Иштирокчиёни мулоқот мулоҳиза ва тавсияҳояшонро баён карда, дар мавриди баъзе мушкилиҳо сухан ронданд. Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди соҳибкоронро ба инобат гирифта, зикр намуд, ки онҳоро ҳамаҷониба омӯзанд.