Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз маҳалли сохтмони нақби Анзоб

05.09.2001 12:00, ноҳияи Айнӣ

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи 10-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз маҳалли сохтмони иншооти муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ - нақби Анзоб дидан кард.

Коргарон Сардори давлатро самимона пешвоз гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон дар бораи комёбиҳо ва душвориҳои ҷойдошта бо коргарону мутахассисон ҳамсӯҳбат шуд.

Роҳбари давлат ба комбайни нақбканӣ нишаста, онро ба кор даровард, ки он рамзи оғози давраи дуюми сохтмони кор дар қисми ҷанубии тунел мебошад.

Дар майдони назди сохтмон бахшида ба иди 10-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва оғози сохтмони қисми ҷанубии туннел гирдиҳамоии ботантана баргузор гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар назди гирдомадагон сухан карда, зикр намуд, ки сохтмони туннел на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва стратегӣ дорад ва ба ваҳдати миллии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат намуда, онро аз бунбасти комуникатсионӣ наҷот медиҳад.

Сардори давлат ба мутахассисон ва кормандони ҳамаи муассисаҳои Вазорати нақлиёт ва шахсони дигар барои саҳмгузориашон дар ин иншооти муҳим миннатдорӣ изҳор намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520