6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни 10-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Сардори давлат нахуст бо ҳамроҳонаш мақбараи мутафаккири бузурги Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадониро зиёрат кард. Сипас ба корхонаи калобаресию бофандагии муштараки Тоҷикистону Австрия "Кӯлоб-текстайлз" ташриф овард. Эмомалӣ Раҳмон кушода шудани ин корхонаро, ки дар Осиёи Марказӣ яке аз ширкатҳои дорои таҷҳизоту дастгоҳҳои навтарин мебошад, воқеаи таърихӣ номид ва зикр кард, ки тавассути кушодани чунин корхонаҳо дар манотиқи дигари кишвар, Тоҷикистон бояд аз давлати истеҳсолкунандаи ашёи хом ба давлати тавлидкунандаи маҳсулоти тайёр табдил дода шавад.
6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорбоғи марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб дар тантанаҳои идона бахшида ба 10-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар назди иштирокчиёни тантанаҳо ва сокинони шаҳр роҷеъ ба марҳилаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик, ҷонбозиҳои ниёгон барои расидан ба файзи истиқлол ва ҳимояи хоки аҷдодӣ, эҳтиром ва эҳтиёт кардани дастовардҳои давраи истиқлолият ҳарф зад ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон бояд имрӯз дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳақиқатан демократӣ, ҳуқуқуқбунёд ва дунявӣ устуворона қадам занад.
Дар майдони назди чорбоғи ба номи Исмоили Сомонӣ расми гузашти тантанаи идона, консерти устодони санъат ва дастаҳои ҳунарии вилоят баргузор гардид.
Дар тантанаҳои мазкур намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ низ ширкат варзиданд.