19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Федератсияи Россия Сергей Шойгу, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии роҳбарони вазоратҳо ва муассисаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Россия ва Осиёи Марказӣ оид ба мушкилоти Афғонистон ба шаҳри Душанбе омадааст, мулоқот кард.