30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба силсилаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт.
Аз ҷумла тибқи қарорҳои Ҳукумат Мирзоев Имомадӣ Саъдиевич раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои камбудиҳои ҷиддӣ дар роҳбарии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, ки боиси заиф шудани натиҷаҳои кори бонк, пастшавии сармояи умумӣ, вайрон кардани қоидаҳои баҳисобгирӣ ва риоя накардани харҷнома гардидаанд ва Нуралиев Маҳмудҷон Обидҷонович барои камбудиҳои ҷиддӣ дар роҳбарии Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки боиси хизматрасонии ғайриқаноатбахши аҳолӣ ва дағалона вайрон кардани қоидаҳои кашондани мусофирон, бағоҷ, бехатарии ҳаракат ва меъёрҳои санитарию техникӣ гардидаанд, аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.