Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати 7-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.11.2001 17:00, шаҳри Душанбе

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 7-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар паёми табрикӣ ирсол намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ таъкид намудааст, ки "Соли гузашта хотиррасон карда будам, ки солгарди навбатии Конститусияро дар оғози асри бистуякум - асре, ки бешубҳа барои тамоми дунё, аз ҷумла барои Тоҷикистони азизи мо, садсолаи пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои беназир хоҳад буд, ҷашн мегирем. Зеро мо ҳамеша дилпур ҳастем, ки Конститутсия - ин номаи тақдири миллати созандаву сарбаланди тоҷик роҳи ояндаи моро ба сӯи фатҳу кушоишҳои тозабунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир асрҳои аср равшан хоҳад дошт".

Сарвари давлат нақши Конситутсияро дар таъмини амният ва суботи ҷомеа махсус ёдовар шудааст: "Дар шароити имрӯза, ки минтақа ва сайёра бо нооромии шадиде рӯ ба рӯ омадааст, дарки аҳамияти сарнавиштсози сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳо ва гузашта аз ин, таҳкими ҳарчи бештари онҳо нақши ҳаётан муҳим дорад".

Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми қонунро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар фарди ҷомеа маънидод сохта, таъкид намудааст, ки ба ибораи дигар, эҳтиром ба қонун, пеш аз ҳама, ба Конститутсия, риояи ҳатмии онҳо ба хотири манфиатҳои олии Ватан ва давлат, ба хотири таъмини ҳуқуқу озодии инсон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Чунки ҳифз ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҷомеа, садоқат ба сохти давлатдории миллӣ, яъне давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ҳимояи халалнопазирии ин арзишҳои бунёдӣ бо майлу иродаи халқ дар Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дарҷ шудаанд.

"Риояи қатъии Конститутсия ва умуман қонун бояд ба зарурати табиӣ ва одати доимии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гардад. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафи асосии худ, ки дар Конститутсияи мо дарҷ ёфтааст, яъне барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, муваффақ хоҳем гашт", - омадааст дар паёми табрикии Сарвари давлат.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520