17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ намуд.
Ҷонибҳо оид ба ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, зарурати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии ин мамлакат, сохтори баъдиҷангии он ва оид ба масъалаҳои ба ин мавзӯъ иртиботдошта сухан ронданд.