24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони вазоратҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои маблағгузорӣ машварат доир намуд.
Дар ҷараёни машварат зикр гардид, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ даҳ лоиҳаи маблағгузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Сардори давлат оид ба нодуруст истифода бурдани маблағҳо аз ҷониби як қатор марказу идораҳои ҷумҳуриявӣ, риоя нагардидани ҷадвали татбиқи лоиҳаҳо, дар заминаи баъзе лоиҳаҳо дар давоми ду сол ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нагардидан, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо, зиёд нишон дода шудани ҳаҷми корҳои анҷом додашуда сухан ронд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов қотеона талаб намуд, ки саривақт ҷудо намудани саҳмияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳо маблағгузорӣ карда шавад.
Дар машварат ба Кумитаи назорати давлатии молиявӣ якҷоя бо вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия ва маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирӣ намудани коррупсия дар марказҳои идораи лоиҳаҳои қарз ва таъмини аёнияти фаъолияти онҳо таҳия сохта, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.