27 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳуриро доир намуд.
Ҷаласа аз баррасии масъалаҳои марбут ба кадрҳо оғоз ёфт. Аз рӯи ин масъалаҳо қарорҳои Ҳукумат қабул гардиданд. Мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифов раиси Кумита оид ба корҳои ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ҳамчунин роҳбари нави Ширкати давлатии суғуртаи сармоягузории "Тоҷиксармоягузор"-и назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Бахтиёр Сафаров таъин гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид кардани тағйирот ба баъзе қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар хусуси таъмини воҳиди ченакҳо, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ ва стандартикунонӣ маъқул донист.
Як қатор Қарорҳои Ҳукумат таҳкими минбаъдаи заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Россия, Украина, Белорус дар доираи ИДМ таъмин менамоянд. Созишномаҳо оид ба истифода ва инкишофи шабакаи робитаҳои нақлиётӣ барои эҳтиёҷоти иқтисодӣ, ҳамлу нақли ҳарбӣ ва гуманитарӣ, оид ба мубодилаи иттилооот дар соҳаи маорифи давлатҳои узви ИДМ қарори Шӯрои иқтисодии ИДМ дар бораи таҷлили сохтори Шӯрои байнидавлатии машваратии "Радионавигатсия" ва Низомномаи Шӯрои байнидавлатии "Радионавигатсия", Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар бораи мақоми хабарнигорони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва хабарнигорони ахбори умуми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба усул ва самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ оид ба савдои озод ва ҳамкории илмию техникӣ тасдиқ шуданд.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои дорои хусусияти давлатӣ, иҷтимоию иқисодӣ, байналхалқӣ, ки ба рӯзномаи ҷаласаи Ҳукумат дохил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.