Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.12.2001 14:00, шаҳри Душанбе

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид, ки маҷлиси охирини соли равон буд.

Дар аввали маҷлис баъзе масъалаҳои кадрҳо муҳокима ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Баъдан силсилаи лоиҳаи қонунҳои марбут ба даровардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ дар бораи муҳоҷират, тарифи гумрук ва Кодекси андози ҷумҳурӣ маъқул дониста шуданд. Ин лоиҳаи қонунҳо ба муҳокимаи парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис зимни баррасӣ проблемаҳои байналхалқӣ, Созишномаи ҳамкорӣ оид ба сарҳад ва Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Украинаро дар масъалаҳои гумрук тасдиқ карда, дар бораи ташкили бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии ҳамкорию тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Украина қарор қабул карданд. Инчунин масъалаҳои дигари муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар бобати назорати иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи давлатӣ, ҷараёни иҷрои фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 1998 "Дар бораи тақвияти танзими давлатии истеҳсол ва хариду фурӯши спирти этилӣ ва машруботи спиртдор" муҳокима шуд.

Дар байни масъалаҳои марбут ба ҳаёти маънавию фарҳангӣ дар бораи таҷлили 60-солагии рӯзи таваллуди Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова ва таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров қарорҳои Ҳукумат қабул гардиданд.

Бо қарори Ҳукумат рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбеи 29-уми декабр ба рӯзи душанбеи 31-уми декабри соли 2001 гузаронда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520