Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ба Аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.04.2001 12:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли гузашта барои мо боз як давраи таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва идомаи ислоҳоти пайдарҳами иқтисодӣ буд. Дар ин муддат мо ба ҳамкории самараноку доимӣ миёни ҳокимияти олии қонунгузори касбӣ ва ҳокимияти иҷроия муваффақ шудем, ки ин дар таърихи миллатамон падидаи нав аст.

Мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб қаноатмандии худро аз ин ҳамкорӣ, ки боиси боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа гардид, изҳор намоям.

Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ — давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем.

Дар ин маврид пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Парламенти Тоҷикистон якҷоя бо Президент ва Ҳукумат як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақлиёт”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001”, “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро қабул намуд, ки онҳо соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва давлати моро танзим менамоянд.

Ҳамчунин ба якчанд қонун тағйироту иловаҳое, ки ҷавобгӯйи талаботи замон мебошанд, ворид карда шуданд. Ҳамаи ин, албатта, кори назаррас аст.

Дар баробари ин масъалаҳое низ ҳастанд, ки ҳалли харчи зудтари онҳо ба манфиати кор аст. Масалан, ҳарчанд ки кор оид ба омодасозии қисми сеюми Кодекси гражданӣ ва Кодекси иҷроияи ҷиноятӣ хуб рафта истодааст, аммо кори таҳияи Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хеле кашол ёфта истодааст.

Омода сохтани Кодекси мурофиавии ҷиноятиро низ суръат бояд бахшид, зеро ин кодекс яке аз санадҳои муҳимтаринест, ки асоси кафолати таъмини ҳукуқи инсонро муҳайё месозад. Илова бар ин, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1998 қабул шуда буд ва мавҷуд набудани Кодекси мурофиавии ҷиноятии нав боиси рӯй додани баъзе ғалатфаҳмиҳо дар фаъолияти мақомоти дахлдор мегардад.

Дар иртибот бо фаъолияти Маҷлиси Олӣ мехоҳам як нуктаро хотирнишон созам, ки робитаҳои кории мақоми олии қонунбарори мо бо парламентҳои кишварҳои гуногуни олам дар як муддати кӯтоҳ хеле вусъат пайдо карда ва таҳким ёфт.

Иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар вохӯриву форумҳо ва чорабиниҳое, ки дар давлатҳои мухталиф доир мегарданд, бешубҳа аҳамияти калон дорад. Зеро дар ҷараёни ҳар як мулоқот ҳадафҳои олии роҳбарияти давлати Тоҷикистон дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявӣ ва азми қавии мардуми мо дар пуштибонии арзишҳои бузурги инсонӣ барои дигарон боз ҳам равшан мешавад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Таъмин ва таҳкими устувориву субот дар ҳаёти ҷомеа сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон ва боиси боз ҳам афзудани нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ гардид.

Ба шарофати ин ҳама тавонистем, ки ба як қатор дастовардҳои умедбахши иқтисодӣ ноил шавем.

Аз Паёми аввалини ман ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он барномаи миёнамӯҳлати ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷараёни татбиқи он баён шуда буд, то имрӯз мо вазифаҳои гузошташударо барои давраи мазкур асосан иҷро кардем.

Ва ҳоло азми қавӣ дорем, ки барои амалӣ намудани силсилаи ислоҳот пеш равем. Ислоҳоти навбатӣ нисбат ба вазифаҳое, ки дар доираи Паёми аввалин пешбинӣ шуда буданд, миқёсан васеъ, мураккаб ва давомдор мебошанд.

То имрӯз ислоҳот дар шароите гузаронида мешуд, ки дар назди мо вазифаи ба вуҷуд овардан ва инкишоф додани нерӯи идоракунии мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозорӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, дар ин раванд баъзан сустшавии суръат ҷой дошт.

Бо вуҷуди ин, имрӯз бо қаноатмандӣ зикр карданӣ ҳастам, ки бо кӯмаки шумо барномаи миёнамӯҳлати ислоҳоти иқтисодӣ ба иҷро расид.

Парламенти нав барои таҳкими дастовардҳои сулҳ ва торафт беҳтар шудани вазъи умумии сиёсӣ дар кишвар фаъолона мусоидат карда истодааст. Ин омилҳо асоси барномаи ислоҳоти моро ташкил медиҳанд.

Вазифаи муҳимтарини Ҳукумат дар се соли оянда аз татбиқи устуворонаи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва болоравии иқтисодиёт равона шудааст, иборат аст.

Идома додани ислоҳот имкон медиҳад, ки тамоми низоми идоракунӣ умуман ва низоми идораи давлатӣ аз ҷумла хеле такмил дода шавад, барои ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани самараи кӯшишҳои Ҳукумат дар соҳаи хусусигардонӣ, густариши ислоҳоти бонкӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти бахши инфраструктура шароит фароҳам оварда шавад.

Мо маҳз дар ҳамин замина ҳуҷҷати мобайнии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро таҳия намудем, ки лоиҳаи ниҳоии он то сентябри соли ҷорӣ бо ширкати васеи ташкилоту созмонҳои манфиатдор, Парламент ва шаҳрвандони мамлакат омода хоҳад шуд.

Вобаста ба ин, лозим мешуморам нишондиҳандаҳои иқтисодии вақтҳои охир, барномаи макроиқтисодӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ ва роҳҳои пешбурди сиёсати иқтисодиро, ки ба суръатбахшии ислоҳот нигаронида шудааст, зикр намоям.

Чунон ки таҷрибаи кишварҳои тараққикарда нишон медиҳад, болоравии иқтисодӣ баъди се-чор соли андешидани тадбирҳои мақсаднок ва пайдарпай оғоз мегардад.

Таҷрибаи Тоҷикистон ин қонунмандиро тасдиқ намуд, яъне мо соли 1994 ислоҳотро оғоз кардем, соли 1997 ба суботи иқтисодӣ расидем, ки дар натиҷа афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ оғоз шуд.

Афзоиши тадриҷии истеҳсолот идома дорад. Дар натиҷаи кӯшишҳои Ҳукумат дар бобати ислоҳоти иқтисодӣ афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба сатҳи миёнаи соли 1997 ба 20 фоиз расид. Далели зикршуда гувоҳи он аст, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расониданд ва дигаргунсозиҳои минбаъдаи сохторӣ ба вазъи аз ин ҳам беҳтар мусоидат хоҳанд кард.

Мувофиқи ҳисоби мо ислоҳоте, ки дар барномаамон пешниҳод шудааст, ба афзоиши ҳарсолаи на камтар аз 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми якчанд соли оянда мерасонад.

Мақсади асосӣ, ки ислоҳоти мо ба он нигаронида шудааст, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тавассути болоравии иқтисодиёт мебошад.

Камбизоатӣ барои Тоҷикистон масъалаи нав нест. То замони истиқлолият даромад ба ҳар як сокини ҷумхурии мо дар байни дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ аз ҳама паст ва фоизи аҳолии камбизоат аз ҳама баланд буд.

Натиҷаҳои тадқиқоти сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1999 гузаронида шуд, нишон медиҳанд, ки аҳолии аз ҳама камбизоат асосан дар деҳот зиндагӣ мекунад.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон мафҳумест, ки дорои ҷанбаҳои гуногун мебошад. Вале пеш аз ҳама, имкониятҳои маҳдуди корёбӣ ва сатҳи пасти музди меҳнат, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ сабабҳои асосии камбизоатӣ мебошанд.

Ғайр аз ин, ҷанги гражданӣ, офатҳои табиат, изтиробу таконҳои иқтисодӣ ва иҷтмоие, ки бо гузариши кишвар аз низоми маъмуриву фармонравоӣ ба иқтисоди бозорӣ вобастаанд, имкониятҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолиро сахт махдуд намуданд.

Ҳалли масъалахои қарзи берунии кишвар вазифаи дигари аввалиндараҷаи Ҳукумат бояд бошад. Ҳаҷми умумии карзи давлатии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 850 миллион долларо ташкил медиҳад.

Ин қарз асосан аз июли соли 1992 вобаста ба гирифтани пули нақд аз Россия, яъне вақте ки дар бораи ташкили минтақаи рубл музокирот мерафт, ҳамчунин аз ҳисоби қарзҳои молии дар солҳои 1992-1994 ба шакли озуқаворӣ, дорувор, сӯзишворӣ гирифташуда ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин бояд зикр шавад, ки дар он вақт кишвари мо ҳануз низоми пардохт ва захираи асъори худиро надошт.

Аз ин рӯ, хароҷоти пардохти карзи берунӣ дар солҳои 1999-2000 хеле зиёд шуд ва минбаъд низ афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар навбати худ метавонад хароҷоти буҷетро барои соҳаи иҷтимоӣ боз хам маҳдуд намояд.

Бо дарназардошти ин масъала мо бо қарздиҳандагон доир ба имконияти таҷдиди назар кардани ӯхдадориҳоямон гуфтушунид бурда истодаем.

Мо, албатта, вазъи қарзи беруниро зери назорат карор додаем ва стратегияи миёнамӯҳлати мо тағйиротро дар шароити пардохти қарзи мавҷуда, яъне пардохти он бо шартҳои имтиёзнок, ҳамчунин афзоиши ҷамъоварии андозро пешбинӣ кардааст.

Ҳамаи ин барои пардохти қарз ва дар сатҳи кофӣ нигоҳ доштани хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ имкон хоҳад дод.

Сатҳи баланди карзи берунӣ Ҳукуматро водор месозад, ки қарорҳои худро дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ дақиқ санҷад ва чораҳоеро амалӣ намояд, ки афзоиши содиротро ҳавасманд созанд.

Бояд гуфт, ки мавҷудияти қарз барои бисёр кишварҳои дар марҳилаи тараққӣ ва кишварҳои дар марҳилаи гузариш қарордошта, аз ҷумла ҳамаи мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил падидаи хос мебошад.

Мо сиёсати кушоди иктисодӣ ё озод будани онро амалӣ карда истодаем ва дар доираи созишномахо бо аъзои Иттиҳоди гумрукӣ минбаъд низ кам кардани боҷи воридотро анҷом хоҳем дод.

Барои таъмини болоравии иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ вақт ва маблағгузорӣ заруранд.

Маблағгузории хориҷӣ дар кишварҳое бештар ба назар мерасад, ки дар онҳо барои маблағгузорӣ фазои мусоиде, ки яке аз унсурҳояш мавҷудияти инфраструктураи тараққикардаи иборат аз шабакаи васеи роҳҳо, алоқа, телекоммуникатсия, энергетика, обрасонӣ, сатҳи баланди маориф ва тандурустӣ мебошад, ба вуҷуд оварда шудааст.

Бо сабаби маҳдудияти буҷет мо имкони дар танҳоӣ ба дараҷаи кофӣ маблағгузорӣ намудани ин соҳаҳоро надорем, бинобар ин мо бо ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва донорҳое, ки дар ҳалли ин масъалаҳо мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунем.

Вале он қарзҳое, ки мамлакат дар солҳои 1992-1994 мегирифт ва онҳо бештар хусусияти тиҷоратӣ доштанд, аз қарзҳое, ки Тоҷикистон имрӯз мегирад, фарқи калон доранд.

Қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ташкилотҳои ба онҳо монанд бо шартҳои комилан имтиёзнок дода мешаванд ва барои ба вуҷуд овардани шароити умумии тараққиёти иқтисодии мамлакат сафарбар карда мешаванд.

То ин дам аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағгузорӣ дар бахшҳои зикршуда барои 3 соли наздик ҷалб намудани маблағҳои имтиёзноки хориҷӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари амрикоӣ, ҳамчунин кӯмаки техникӣ дар шакли грантҳо дар ҳаҷми қариб 12 миллион доллари амрикоӣ шартнома баста шудааст.

Ҳамаи лоиҳаҳои амалишаванда афзалияти калон доранд ва дар ҳамаи онҳо саҳми Ҳукумат дар ҳаҷми на камтар аз 10-15 фоиз пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳукумат минбаъд низ сиёсати худро дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ бо дарназардошти имкониятҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат пеш мебарад.

Давлат тарафдори сиёсати қатъии монетарӣ мебошад, ки ба кам кардани беқурбшавии пул ва таъмин намудани устувории қурби номиналии асъор нигаронида шудааст.

Ин чораи зарурист. Зеро беқурбшавӣ соли 2000-ум зиёда аз 60 фоизро ташкил дод. Соли 1999 ин рақам 31,3 фоиз буд. Сабаби асосии ин ҳолат дар муомилот зиёд шудани ҳаҷми пул буд.

Пешбинӣ шудааст, ки соли 2001-ум беқурбшавии пул дар маҷмӯъ 16 фоизро ташкил хоҳад дод.

Илова бар ин, мо минбаъд низ роҳ намедиқем, ки Бонки миллӣ мустақиман қарз диҳад. Қарзҳои нав ба бахши хусуси мувофиқи тартиби муқаррашуда тавассути музояда дода мешаванд.

Ҳукумат ва Бонки милли оид ба таъмини бозори облигатсияҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат тадбирҳо меандешанд, ки онҳо дар қатори дигар ислоҳоти институтсионалӣ бояд ба ҳалли пурсамари масъалахои сиёсати пулӣ мусоидат намоянд.

Ташкили низоми дахлдори молиявӣ, ки талаботи корхонаҳои нав таъсисёбанда, инчунин ташкил ва аз нав таҷҳизонидани корхонаҳои фаъолиятдоштаро қонеъ мегардонад, барои бунёди иқтисоди бозории самаранок амалкунанда бисёр муҳим мебошад.

Вазифа аз гузаронидани реструктуризатсияи низоми бонкӣ пурзӯр намудани талабот ба он ва риояи қатъии меъёрҳои иқтисодӣ иборат аст.

Таъмини суботу устувории макроиқтисоди асоси тараққиёти иқтисодии ҳар як ҷомеа мебошад. Бинобар ин, мо ба масъалаҳои сиёсату буҷету андоз ба хотири ҳифзи суботи макроиқтисодӣ аҳамияти зиёд медиҳем.

Таъмини сатҳи баланди ҷамъоварии андоз, албатта, боиси афзоиши воридоти маблағ ба буҷет мегардад. Бо вуҷуди ин мо имсол низ бо мақсади боло бурдани қобилияти рақобати маҳсулоти Тоҷикистон кам кардани ҳаҷми андозро аз фурӯши алюминий ва пахта идома хоҳем дод.

Шарҳи мухтасари масъалаҳои ҷории сиёсати иқтисодии давлатро дар ҳамин ҷо хотима дода, мехоҳам дар хусуси Барномаи дарозмӯҳлати иқтисодӣ, ки асоси онро Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати ташкил медиҳад, чанд сухан гӯям.

Ҳангоми таҳияи санади ниҳоии стратегияи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои бунёди зеринро дастури амал қарор хоҳад дод:

якум, ҳавасмандсозии рушди иқтисодиёт аз ҳисоби содирот ва зиёд намудани маҳсулоте, ки дараҷаи коркард ва тайёр будани он баланд аст;

дуюм, таъмини муносиби аҳолӣ бо навъҳои асосии хизматрасонии иҷтимоӣ;

сеюм, барномаи мақсадноки кумаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоаттарин аҳолӣ;

чорум баланд бардоштани самаранокии соҳаи идоракунӣ, таъмини волоияти қонун ва амният.

Болоравии иқтисодӣ механизими муҳимтарини ба вуҷуд овардани имконияти шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

Фаъолияти бахши хусусӣ асоси афзоиши даромади аҳолӣ хоҳад буд. Вобаста ба ин, Ҳукумат барномаи ислоҳоти куллии корхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои рушди бахши хусусӣ дастгирӣ мекунад.

Яке аз афзалиятҳои Тоҷикистон бо соҳаи кишоварзӣ вобаста аст. Чунки кишвари мо дорои захираҳои бузурги об, шароити мусоиди икдим барои зироаткорӣ ва чорводорӣ аст. Ҳамчунин мо кувваи барзиёд ва арзони корӣ дорем.

Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар бобати паст кардани сатҳи камбизоатӣ яке аз масъалаҳои асосист, зеро чунон ки гуфта шуд, аҳолии аз ҳама камбизоат дар деҳот зиндагӣ мекунад.

Бо сабаби махдуд будани захираҳои замин бояд ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар кишоварзӣ диққати асосӣ дода шавад.

Кӯшиши Ҳукумат ҳамчунин минбаъд ба барқарорсозии инфрастркутураи деҳот, шабакаҳои обёрӣ, такмил додани низоми обрасонӣ, тараққӣ додани низоми қарзҳои хурд дар деҳот ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ равона хоҳад шуд.

Ҳамаи ин тадбирҳо барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд.

Мо бояд барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, серҳосилии ҳар як гектар замин ва пурзӯр сохтани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзӣ шароит муҳайё намоем.

Ин дар сурате муяссар мегардад, ки ҳар як порча замин соҳиби ҳақиқии худро, ки ба беҳбудии ҳолати агротехникии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол манфиатдор аст, пайдо намояд.

Ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ табдил додани корхонаҳои калони кишоварзӣ, пешниҳоди ҷорӣ кардани низоми нави одии андози ягона барои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ иқдомҳои воқеии Ҳукумат дар роҳи фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои комплекси агросаноатӣ мебошад.

Тоҷикистон бояд на танҳо содиркунандаи нахи пахта бошад, балки инчунин эҳтиёҷоти худиро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва пеш аз ҳама бо сабзавоту меваҳои барвақти таъмин карда, ин маҳсулотро ба бозорҳои ҷаҳони содир намояд. Доир ба густариши бозори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд. Барои ин мо тамоми шароити зарурии табии ва иқлимро дорем.

Бо дарназардошти афзалиятҳои соҳаи кишоварзи Ҳукумат дар баробари суръатбахшии дигаргунсозиҳо бо максади дастгирии корхонаҳои тачдидёфтаи кишоварзӣ, барқарор сохтани инфраструктураи деҳот, густариши низоми маблағгузории маҳаллӣ ва обшор кардани заминҳои нав маблағҳои имтиёзноки ташкилотҳои баиналхалқии молиявиро ҷалб менамояд. Дар давраи солҳои 2001-2005 ба бахши аграрӣ 90 миллион доллар ҷалб карда хоҳад шуд.

Ҳукумат мақсад дорад, ки низоми самарабахш ва афзалиятноки маблағгузории тухмипарварӣ ва парвариши чорвои хушзот, инчунин истифодаи нуриҳои кимиёвиро таҳия намояд.

Дар соҳаи саноат масъалаҳои ба вучуд овардани шароите, ки ба навсозии иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими қобилияти содиротии саноат бо роҳи ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ мусоидат мекунад, инчунин ташкили корхонаҳои муштарак, тараққи додани соҳибкории хурд ва миёна, тезонидани суръати хусусигардони дар маркази диққати Ҳукумат қарор хоҳанд дошт.

Ҳадафи ниҳоии мо аз ин тадбирҳо таъмин намудани истиқлолияти озуқавории мамлакат аст.

Роҳи асосии эҳёи саноат реструктуризатсияи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Вазифа аз он иборат аст, ки кори даромадноки корхонаҳои саноатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, яъне дар шароити озод будани нарх, савдои хориҷию дохилӣ ва озод будани иқтисод, дар ин шароит душвор будани муборизаи рақобатнок дар бозорҳои дохилию хориҷӣ таъмин карда шавад.

Дар амалӣ сохтани реструкутризатсияи корхонаҳо ҳуқуқ ба моликият ва тағйироти дахлдори тадбирҳои ҳавасмандӣ омили асосӣ мебошад.

Дар саноат бе азнавтаҷҳизонӣ ва тачдиди истеҳсолоти амалкунанда ва таъсиси корхонаҳои нав истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат ғайриимкон аст. Дар робита бо ин, чанде пеш дар бораи аз андоз аз арзиши иловагӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти технологӣ ва маснуоти такмилаи он қарор қабул карда шуда буд.

Бинобар нарасидани маблағ ва зиёд будани кувваи корӣ Ҳукумат доир ба фароҳам овардани шароит барои пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ тавассути инкишоф додани сохибкорӣ, густариши босуръати тиҷорати хурду миёна дар мамлакат тадбирҳо меандешад.

Қисми таркибии ҷараёни таҳияи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳлил намудан ва тағйир додани заминаи меъёрию ҳуқуқие мебошад, ки бозори меҳнатро танзим мекунад.

Дар бобати ташкили бозори меҳнат ва татбиқи барномаи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҷории иқтисодиёт татбиқи барномаҳои таълимӣ давом дода мешавад ва пеш аз ҳама барои таълим ва бозомӯзии кормандоне равона мегардад, ки дар натиҷаи хусусигардонӣ ва ислоҳоти сохторӣ бекор мондаанд.

Дар соҳаи нақлиёт бояд барномаи давлатии дурнамои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди мамлакат таҳия гардида, нақшаи ба стандартҳои аврупоӣ гузаштани авиатсияи гражданӣ қабул ва назорати давлатии авиатсионӣ мустаҳкам карда шавад.

Доир ба афзоиши сармоягузориҳо ба муассисаҳои роҳи оҳан ва татбиқи барномаҳои таҷдиди онҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Ҳукумат ҷиҳати ба мувофиқа расонидани масъалаҳои вобаста ба тарифҳои роҳи оҳан, ки барои истеҳсол ва истеъмолкунандагон бисёр созгор бошад, инчунин густариши минбаъдаи боркашонии транзитӣ бо кишварҳои ҳамсоя кӯшиш хоҳад кард. Ҷиҳати барқарорсозии инфраструктураи нақлиёт, ки барои тараққиёти кишвар аҳамияти калон дорад, Ҳукумат ба маблаги қариб 60 миллион доллари ташкилотҳои байналхалқии молиявиро ҷалб намудааст, ки ба беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард, таҷдиди инфраструктураи фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд равона карда шудаанд.

Дар солҳои наздик ҷалб кардани кредит барои давом додани барқарорсозии роҳҳои муҳимтарини мошингард, пурра иваз намудани таҷҳизоти навигатсионии фурудгоҳҳои асосии мамлакат ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаҳои беҳтар кардани хатти рафтуомади нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан дар байни минтақаҳои гуногуни кишвар таҳия карда мешаванд.

Лоиҳаи афзалиятноки соҳа барои мо сохтмони туннели Анзоб аст, ки шимоли мамлакатро бо ҷануби он мепайвандад.

Бо дарназардошти аҳамияти фавқулоддаи энергетика барои рушди иқтисодиёт Ҳукумат ба ин соҳа ҷиҳати татбиқи лоиҳаи барқарорсозии сохтори тақсимоти қувваи барқ ба маблағи қариб 50 миллион долларро аз ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо ҷалб намуд.

Дар доираи ин лоиҳа барқарорсозӣ ва беҳбудии таъминоти вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе бо қувваи барқ, таъмини фаъолияти нерӯгоҳи барқии Норак ва таҷҳизоту шабакаҳои интиқолдиҳандаи он пешбинӣ мегардад. Арзиши умумии лоиҳа 64 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Ҳукумат аз рӯйи лоиҳаи мазкур ҷустуҷӯйи ташкилотҳои шарики маблаггузориро идома медиҳад.

Дар бобати инкишофи энергетика таҷҳизонидан ва ба истифода додани кони гази Хоҷабоқирғон яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумат мебошад.

Идомаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда ва Роғун, ки оид ба ин масъала Ҳукумат музокироти дахлдор бурда истодааст, аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок мебошад. Зеро бе анҷоми муваффақиятноки иншооти мазкур таъмини исгиқлолияти энергетикии мамлакат душвор аст.

Доир ба таъмини тараққиёти бахши телекоммуникатсия ҳамчун яке аз соҳаҳои асосии инфраструктура тадбирҳо андешида хоҳанд шуд, зеро маҳз аз рушди ин низом бевосита таъминоти иттилоотие вобаста аст, ки барои ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти содиротии қобили рақобат бо ҳиссаи баланди арзиши иловагӣ дар шароити глобализатсияи савдо имконият медиҳад. Ҳамаи ин ба афзоиши ниҳоии суръати иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Таъминоти хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ низ яке аз самтҳои муҳими стратегияи пешниҳодшаванда мебошад. Хизматрасониҳои асосӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчуин сифати баланди онҳо на танҳо ҳуқуқи ҳар як шахс аст, балки омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва сатҳи маълумот, хизмати тиббие, ки ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ расонида мешавад, тадбирҳо меандешад.

Ҳамчунин барои амалӣ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи маориф то имрӯз ба маблағи зиёда аз 23 миллион доллари амрикоӣ бо шартҳои имтиёзнок аз созмонҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб шудааст.

Ҷиҳати амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, ки барои ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббӣ ва бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз намудани як қатор клиникаҳои асосӣ равона шудаанд, Ҳукумат то имрӯз зиёда аз 22 миллион доллари амрикоиро танҳо бо шартҳои имтиёзӣ ҷалб намудааст.

Ғайр аз ин, пешбинӣ шудааст, ки ба соҳаи мазкур аз рӯйи як силсила лоиҳаҳои ба нақша гирифташуда дар давоми ду соли наздик ба таври илова 40 миллион доллар ҷалб карда шавад.

Як қисми барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки ба дастгирии сатҳи даромад нигаронида шудааст, бояд расонидани кӯмаки мақсадноки иҷтимоиро ба табақаҳои камбизоаттарини аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон ва пиронсолон, яъне ба онҳое, ки мушкилот ва эҳтиёҷӣ бештаре доранд, таъмин намояд.

Ҳукумат мақсад дорад, ки барои таъмини болоравии сатҳи даромади табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ, нафақахӯрон ва маъюбон музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, инчунин нафақаву кӯмакпулиҳоро ҳар сол на камтар аз 40 фоиз зиёд намояд. Роҳбарияти давлат масъалаи таъминоти кормандони илму маорифро минбаъд низ дар мадди назар хоҳад дошт.

Барои беҳтар намудани ҷараёни банақшагирӣ, таъмин кардани возеҳият ва самарабахшии низоми хароҷоти маблағҳои давлатӣ Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти маблағ татбиқ карда хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, ташкили механизми боэътимод ва самараноки таъмини волоияти қонун ва амнияти аҳолӣ яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумат мегардад, то ин ки одамон осуда кору зиндагӣ карда тавонанд.

Мақсади Ҳукумат аз тадбирҳои мазкур ин аст, ки Тоҷикистон бо мамлакатҳои мутараққии дорои иқтисоди бозорӣ дар як радиф қарор гирад.

Барои ин на танҳо сиёсати самарабахши иктисодӣ, балки институтҳои пурқуввати таъминкунандаи пешбурди ин сиёсат тақозо мегардад.

Сохторҳои кӯҳна бояд аз нав сохта, ба низоми нави иқтисодӣ, усулҳо ва механизми тағйирёбандаи идоракунӣ мутобиқ гардонида шаванд.

Дигаргунсозиҳои куллӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ дар баробари гузаронидани ислоҳоти макроиқтисодӣ ва тағйир додани шаклҳои моликият яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.

Идоракунии давлатӣ бояд на дар асоси тақсимоти захираҳои моддӣ, муқаррар намудани супоришот ё идоракунии фармонравоии сохторҳо ва шахсиятҳои алоҳида, балки дар доираи меъёрҳои ҳуқуқие, ки боварӣ ва эҳтироми васеи аҳолиро касб кардаанд, бунёд карда шавад.

Гузариш ба иқтисоди бозорӣ махдуд шудани дахолати Ҳукуматро ба иқтисодиёт ифода мекунад. Дахолати Ҳукумат қатъиян дар доираи мувофиқашуда ва аз ҷиҳати қонун ба расмият даровардашуда имконпазир аст ва бояд ошкоро бошад.

Вале дар баробари ин, дар бобати таъмини осудаҳолии ҷамъиятӣ, фароҳам овардани меъёр ва қоидаҳои фаъолияти иқтисодӣ, мусоидат ба густариши институтҳои гуногун ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши Ҳукумат бояд ҳарчӣ бештар самарабахш бошад.

Тағйир додани самт ва нақши Ҳукумат дар иқтисодиёт вазифаи душвор аст ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҳаллу фасли он аҳамияти махсус медиҳад.

Барои иқтисодиёти давраи гузариш баланд бардоштани сатҳи касбии дастгоҳи давлатӣ, ба танзим даровардани низоми пешрафти хизматӣ, бозомӯзии хизматчиён аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ заруранд, махсусан муҳим аст.

Шумораи вазорату идораҳо ва кормандони онҳо бояд ба нақши тағйирёбандаи Ҳукумат дар шароити густариши бахши хусусӣ ва имкониятҳои буҷети мамлакат қатъиян мутобиқ карда шавад.

Барои идоракунии самарабахш пеш аз ҳама ташкили заминаи ҳуқуқӣ зарур аст. Мо аллакай як қатор қонунҳои умда ва дигар санадҳои ҳуқуқиро қабул кардем, ки фаъолияти иқтисодиро дар шароити муносибатҳои бозорӣ таъмин мекунанд.

Аммо қабули қонунҳои хуб ин ҳанӯз оғози кор аст. Бисёр муҳим аст, ки қонунҳои қабулшуда қатъиян иҷро шаванд. Бо ин қонунҳо шиносбудани шаҳрвандони кишвар зарур аст. Воситаҳои ахбори умум бояд онҳоро сари вақт ба маълумоти омма расонанд.

Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозаргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ин бобат ҳанӯз июли соли 1999 Фармони Президент ва охири ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул шуда буд.

Макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои мазкурро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боздорад.

Дар робита бо масъалаҳои ислоҳоти иктисодӣ мехоҳам ҳамчунин таъкид намоям, ки ислоҳоти бахши молиявиро танҳо дар алоқамандии зич бо устувории макроиқтисодӣ, бозсозии сохтории корхонаҳо ва ташкили институтҳои дахлдори ҳуқуқӣ гузаронидан мумкин аст.

Паҳлӯҳои асосии солимгардонии низоми молиявӣ тадбирҳои зеринанд:

-таҳким бахшидан ва баланд бардоштани масъулияти системаи бонкӣ;

-ташкил намудани сохторҳои гайрибонкии молиявӣ ва тараққӣ додани онҳо;

-ташкили низоми самарабахши андоз ва буҷет.

Мехостам таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як ҷанбаи афзоиши иқтисодиёт ҷалб намоям.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва таъмини рушди устувори он сармоягузориҳое заруранд, ки омили такондиҳандаи тараққиёт мебошанд.

Камбудии шадиди сармоя монеаи асосии ташаккул ва тараққии иқтисодиёти Тоҷикистон ва аз бӯҳрон баромадани он гардид. Табиист, ки дар шароити кам будани захираҳои худӣ мо ба сармоягузориҳои хориҷӣ эҳтиёҷ дорем.

Мо мефаҳмем, ки барои воридшавии сармоя, истифодаи афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон шароити дахлдор заруранд. Сиёсати самараноки макроиқтисодӣ, мавҷудияти инфраструктураи дахлдор, одамони соҳибмаълумоту солим ва албатта, амният дар ин бобат шартҳои аввалин мебошанд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқии молиявӣ, ки барои татбиқи ислоҳот кӯмаки молиявӣ мерасонанд, ҳамкории зич дошта, якҷоя бо онҳо барномаву лоиҳаҳои дахлдорро амалӣ менамояд.

Дар даҳсолаи охир ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ ба иншооти инфраструктура, ҳамчунин кӯпрукҳо, роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ, хатҳои интиқоли кувваи барқ, телефон ва мактабу беморхонаҳо зарари калон расонданд.

Барои барқарор сохтан ва дастгирии раванди дигаргунсозиҳои иқтисодӣ сармоягузориҳои нав лозиманд.

Барномаи ҳукуматии сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2001—2003 барномаи лоиҳаҳое мебошад, ки он аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва танҳо лоиҳаҳоеро дар бар мегирад, ки бештар афзалиятнок мебошанд.

Вобаста ба ин масъала бояд таъкид шавад, ки таҳия ва қабули ҳар гуна стратегия ё барнома кори чандон печида ва мушкил нест. Мушкилӣ дар иҷрои барнома ва татбиқи воқеиву самараноки стратегия аст, ки аз ҳар як шахси масъул сатҳи баланди кордониву масъулиятнокӣ ва дар айни замон эҳтироми обрӯйи давлати тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ ва дилсӯзиву ғамхориро нисбат ба халқ тақозо мекунад.

Мӯҳтарам вакилони халқ!

Яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳиме, ки дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ ва умуман ҷомеа истодааст, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ ва пеш аз ҳама ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм бо ҳама навъҳои зуҳуроти он ва дар маҷмӯъ таҳкими қонуният ва тартиботи ҳукуқӣ мебошад.

Торафттаҳким ёфтани суботи ҷамъиятию сиёсӣ, ошкор шудани як қатор гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи хуқуқдар бобати иҷрои фармонҳои Президент, ҳамчунин гузаронидани дигар чорабиниҳои муайян, ки ба мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд, дар мубориза бар зидди ҷиноякорӣ натиҷаҳои мусбат дода истодаанд.

Дар айни ҳол, бо максади ба самти мушаххас равона кардани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқук ва сохторҳои низомӣ як силсила санадҳои меъёрию хуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ барои соли ҷорӣ ва солҳои оянда, аз ҷумла барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003”, “Дар бораи ҳимояи сирри давлатӣ дар солҳои 2001 -2005”, “Дар бораи тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ” ва ғайра қабул карда шудаанд.

Инчунин, аз тарафи Шӯрои амният “Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон”, “Консепсияи корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон” ва “Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд ва итминон дорам, ки онҳо аз тарафи шумо дастгирӣ меёбанд.

Аз касе, пӯшида нест, ки ҷиноякории муташаккил ба яке аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ин масъала, ки ҳоло характери трансмиллиро ба худ гирифтааст, на танҳо сокинони мамлакати моро, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Дар ин бора ман дар Конфронси сиёсии Созмони Милали Муттаҳид, ки 12 декабри соли 2000 дар шаҳри Палермои Италия баргузор гашта буд, суханронии муфассал доштам.

Мо Сарони чандин давлатҳои ҷаҳон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ муваффақияти калони Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ шуморида, ба ин ҳуҷҷати тахрихӣ имзо гузоштем ва масъулияти калонро ба зимма гирифта, вазифадор шудем, ки саъю кӯшиши умумии халқҳо ва кишварҳоямонро ба паҳн гардидани ҷинояткории муташаккил муқобил мегузорем.

Вобаста ба ин, натиҷаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолияти онҳо дар кори ошкор ва пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи корҳо дар бобати муолиҷаи шахсони гирифтори нашъамандӣ ҷиддӣ ва ошкоро арзёбӣ гардид.

Ин вабо як шакли ҷинояткории муташаккилона буда, ба пояҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа ва генофонди миллат таҳдид мекунад ва дар айни замон ба нуфузу обрӯйи байналхалқии Тоҷикистон зарба мезанад.

Дар ин амали зишт мо, бешубҳа, таъсири ғаразноки баъзе кувваҳо ва гурӯҳҳоеро эҳсос мекунем, ки намехоҳанд минтакаи Осиёи Марказӣ умуман ва Тоҷикистони мо аз ҷумла ором бошад.

Вобаста ба имзои Конвенсияи зикршуда зарурати қабули як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст ва он бояд баҳри таҳкими қонуният ва сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши ҳалкунанда дошта бошад.

Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаҳою созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ доранд.

Ҳатто ворид шудани сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар низ аз таъмини кафолати ҳуқуқу манфиатҳо ва амнияти онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки нақш ва мавқеи ҳокимияти судиро дар ҷомеа амалан баланд бардорем ва бо ин васила мустақилияти онҳоро таъмин намоем.

Бояд таъкид намоям, ки мо дар ин роҳ корҳои зиёдеро анҷом додем. Таъсиси Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санҷиши тахассусӣ гузаштани судяҳо ва аз рӯйи натиҷаи санҷиш ҷо ба ҷо кардани онҳо аз ҷумлаи ин корҳо мебошанд.

Дар масъалаҳои таъминоти моддию техникӣ ва шароити кории судҳои ҷумхурӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда бошанд ҳам, аммо ин соҳа қатъиян беҳбудиро мехоҳад. Ба Шӯрои адлия зарур аст, ки якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешад.

Дар баробари ин дар фаъолияти судҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар баъзе мавридҳо судяҳо қонунҳоро нодуруст татбиқ менамоянд ва ҷазоро мувофиқи кирдори содиршуда, шахсияти гунаҳкор ва хавфнокии ҷамъиятии он таъин намекунанд. Ба судҳои ҷумҳурӣ лозим аст, ки ба масъалаи сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳо ва иҷрои бечунучарои хукму ҳалномаҳо диққати ҷидцӣ диҳанд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ беҳбудии фаъолияти судҳо, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо мо зарур шуморидем, ки дар бораи судҳои Тоҷикистон қонуни ягона қабул намоем. Лоиҳаи ин қонун ба шумо пешниҳод шудааст ва боварӣ дорам, ки онро дастгирӣ мекунед.

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ба зиммаи Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он гузошта шудааст. Мақомоти прокуратура бояд ин вазифаи олии ба зиммаи онҳо гузошташударо бомасъулиятона ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд.

Бояд қайд кард, ки назорати прокурорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҷавобгӯи рӯз нест. Махсусан назорати прокурорӣ дар соҳаи иқтисодӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Дар баробари ин оид ба масъалаи сари вақт анҷом додани тафтишоти парвандаҳои ҷиноӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Ба Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он зарур аст, ки назорати прокурориро боз ҳам пурзӯр намуда, иҷрои бечунучарои қонунҳоро дар қаламрави мамлакат таъмин намоянд.

Ман бо қатъият аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ талаб мекунам, ки онҳо вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузошташударо софдилона ва бо дарки масъулият иҷро намоянд. Мақомоти мазкур имконияти иҷрои ин вазифаҳоро доранд. Бо боварии том метавон гуфт, ки ин мақомот ва сохторҳо волоияти қонунро дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва оромиву амнияти кишварро таъмин мекунанд.

Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошад, ҷалб намоям.

Бояд эътироф намуд, ки то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати хуқуқии мардум паст мебошад. Сабаби инро ман пеш аз ҳама дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам.

Яке аз сабабхои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шахрвандон, вайрон кардани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона ва муассисаҳои алоҳида маҳз надонистани қонун аст.

Конститутсия ва қонунҳое, ки дар давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон ва дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд.

Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо мекунад, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд.

Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони халқ дар Парламент бояд дар масъалаи тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳоли фаъолона саҳм гузоранд. Вазорати адлия бояд нақши ҳамоҳангсоз ва масъули таъмини ин самти фаъолияти давлатро пурсамар адо намояд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Дар давоми соли гузашта мавқеи Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва субъекти муносибатҳои байналхалқӣ дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам гардид.

Дар пойтахти Тоҷикистон доир шудани як силсила чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла вохӯрии Сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Саммити Сарони кишварҳои Форуми Шанхай гувоҳи он аст, ки нуфузи байналмилалии Тоҷикистон тадриҷан меафзояд.

Дастгирӣ ёфтани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли об эълон намудани соли 2003- юм аз ҷониби аксари кулли кишварҳои ҷаҳон ва дар ин хусус қабул гардидани Резолютсияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид низ далели равшани афзудани нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад.

Робитаҳои гуногунсоҳаи кишвари мо бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналхалқии сиёсӣ ва ташкилотҳои молиявию кредитӣ торафт густариш меёбанд ва самарабахш мегарданд.

Мо минбаъд низ омода ҳастем, ки дар асоси усул ва меъёрҳои муоширати байналмилалӣ бо тамоми кишварҳои олам муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта бошем.

Маълум аст, ки дар сиёсати хориҷии тамоми кишварҳои олам афзалиятҳое вуҷуд доранд. Густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун яке аз афзалиятҳои устувори сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷониба бо Федератсияи Россия ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавоб медиҳад. Мо дар оянда низ кӯшиш хоҳем кард, ки бо Федератсияи Россия муносибатҳои стратегии устувор ва дӯстона дойшга бошем.

Майлу рағбати муштарак ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигарро ба назар гирифта, мо дар таҳкими боварӣ бо давлатҳои ҳамсоя тадбирҳои зарурӣ меандешем ва итминон дорем, ки ин амал боиси мустаҳкам шудани муносибат- ҳоямон бо ин кишварҳо ва таъмини осоишу оромии минтақа мегардад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷаи дур рӯ ба густариш мебошанд. Ҷумҳурии мо манфиатдор аст, ки бо кишварҳои Ғарб, аз ҷумла бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка муносибатҳои устувор ва судманд дошта бошад.

Ман соли гузашта ҳангоми сафарҳои корӣ ба Австрия, Италия ва Чехия, ҳангоми мулоқотҳо бо роҳбарони ин кишварҳо ва мамлакатҳои дигари аврупоӣ омодагии Тоҷикистонро барои густариши ин муносибатҳо борҳо таъкид намудам.

Мо кишвари осиёӣ мебошем. То имрӯз муносибатҳои мо бо кишварҳои осиёӣ асосан дар доираи ҳамсояҳои дуру наздик ва кишварҳои олами исломӣ махдуд мешуданд. Бо сабабҳои маълум мо натавонистем бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки аз ҷиҳати саноат хеле пешрафта мебошанд, муносибат ва ҳамкории доимӣ барқарор кунем. Дар солҳои охир муносибатҳои мо бо Япония, Ветнам ва баъзе кишварҳои минтақа нисбатан тақвият ёфтанд. Дар соли ҷорӣ мо густариши минбаъдаи муносибатҳоро бо Ҷумҳурии Корея, Малайзия ва кишварҳои дигари ин минтақа ба нақша гирифтаем.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой метавон ҳамчун муносибатҳои ҳуснӣ, ҳамҷаворӣ арзёбӣ кард. Робитаҳои иқтисодии мо бо Хитой рӯз аз рӯз густариш меёбанд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои нимҷазираи Ҳиндустон анъанаҳои деринаи таърихӣ доранд. Дар замони истиқлолият ин муносибатҳо ба зинаи нав расонида шудаанд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои ин минтақа ояндаи умедбахш доранд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Эрон ва Туркия имкониятҳои фаровон доранд.

Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои араб муносибатҳои бештари ҳамкорӣ дошта бошад. Ин масъала аз ҷониби ман бо роҳбарони як қатор мамлакатҳои араб муҳокима шудааст. Ба туфайли ин кӯшишҳо ҳоло мо дар Тоҷикистон оғози сармоягузориҳоро аз тарафи як қатор созмонҳои молиявии ишварҳои араб мушоҳида мекунем.

Тоҷикистон дар оянда низ бо созмонҳои байналхалқи ва минтақавӣ ҳамкориҳои худро идома ва густариш хоҳад дод.

Илова бар ин, мамлакати мо минбаъд ҳам дар ҳалли дастҷамъонаи масъалаҳои минтақа ва берун аз он ба қадри имкон саҳм хоҳад гирифт. Зеро мо хуб мефаҳмем, ки дар шароити глобализатсияи масъалаҳо ҳалли онҳо барои ин ё он давлат дар алоҳидагӣ мушкил ва баъзан аз имкон берун аст. Дигар ин, ки тинҷиву оромии кишварҳои ҳамсоя ва умуман минтақа кафолати тинҷиву оромии мо низ мебошад.

Ман борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштам ва ҳоло бори дигар ҳамчун Роҳбари давлате, ки ҷанги гражданиро паси сар карда, таҷрибаи талх дорад, таъкид менамоям, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷӯҳи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, нерӯҳо ва гурӯҳҳои дар нооромиҳои он кишвар шарик ва умуман мардуми шарифи Афғонистон — тоҷикон, паштуҳо, ӯзбекҳо ва дигар халқияту қавмҳои ин сарзамини азияткашидаро ба як далели таърихи худашон ҷалб намоям.

Гузаштагони шумо танҳо дар ду асри охир чандин бор бар зидди қувваҳои истеъморӣ парчами муборизаро барои озодӣ баланд бардошта, барои таъмини истиқлолият ҷоннисориҳо кардаанд.

Вале дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI, садсоле, ки бешубҳа давраи дастоварду пешравиҳои бузург барои инсоният хоҳад шуд, сарзамини худро майдони ҷанги ҳамватанӣ ва паногоҳи қувваҳои экстремистиву террористӣ қарор додан, мардуми кишварро сарсону саргардон кардан оқибатҳои даҳшатнок дорад.

Мардуми Афғонистон қадри озодиву истиқлолро хуб мешиносад, тамомияти арзиро қимат медонад. Аз ин рӯ, изҳори итминон кардан мумкин аст, ки кувваҳои даргир оқибат роҳи ҳалли сиёсии масъаларо пайдо хоҳанд кард, ба пора шудан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани ватанашон роҳ нахоҳанд дод.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама Россия ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим бозида метавонанд,

Доир ба самтҳои фаъолияти хориҷии Тоҷикистон сухан ронда, мехоҳам ҳамчунин хотирнишон созам, ки дар марҳилаи баъд аз низоъ нақши созмонҳои байналхалқй ва минтақавӣ дар эҳёи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст.

Бинобар ин, мо дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигар вазифаҳои мушаххас гузоштем, ки имконятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид, муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои минтақавию байналхалқӣ омӯзанд ва таклифҳои мушаххас пешниҳод кунанд.

Хулоса, дар соли равон масъалаҳои боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳон мутақобилан судманд, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои конунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини амнияти мамлакат аз таҳдидҳои эҳтимолии беруна аз ҷумлаи вазифаҳои асосии сйёсати хориҷии давлати мо хоҳанд буд.

Мо бояд сиёсати хориҷии худро тавре амалӣ созем, ки он ба ҳалли шароит ва талаботи нави дар назди давлат қарордошта мусоидат намояд.

Дар навбати худ ин зарурати таҳияи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо зикри корҳои анҷомёфта ва норасоиҳое, ки дар ин ё он соҳа мавҷуданд, лозим медонам як нуктаро таъкид намоям. Мо ҳоло дар марҳилаи амалӣ намудани ҳадафҳои муайянкардаи худ қарор дорем.

Агар бо камбудию норасоиҳо муросо кунем, пас роҳи пешгирифтаи мо мураккаб мегардад, ки натиҷаи он як кишвари сусттарақкӣ хоҳад буд.

Лекин ман боварӣ дорам, ки нерӯи зеҳнии мардумамон, ифтихори миллиамон ва дарки воқеияти таърихиамон намегузорад, ки мо ба чунин кишвар табдил ёбем. Роҳе, ки Тоҷикистон пеш гирифтааст, ин бунёди давлату ҷомеаи нерӯманду қавиест, ки ба худ ва ояндаи худ итминон дорад.

Чунон ки аз ин пеш низ борҳо гуфта будам, яке аз нишондиҳандаҳои асосии солим, озодипарвар ва воқеан демократӣ будани ҷомеа ин то чи андоза дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъол будани занон мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар мамлакат мо фармони махсус қабул намудем, ки дар муддати кӯтоҳ самараи нек дод ва боиси афзудани нақши занон дар ҷомеа гардид. Як қатор занони қобилиятнок ва ботаҷриба ба мансабҳои масъули давлатӣ таъин шуданд, ки бомуваффақият адои вазифа мекунанд. Онҳо собит намуданд, ки занон аз ӯхдаи ҳама гуна вазифаи душвор баромада метавонанд.

Бинобар ин дар маҳалҳо бояд ба кори ҷалби занони лаёқатманд ба фаъолияти пурмаҳсули давлатию ҷамъияти бештар эътибор дода шавад. Ҳамчунин ба хотири дар оянда афзудани сафи мутахассисон аз ҷумлаи занҳо масъалаи ба донишгоҳҳо қабул намудани духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар асоси квотаи президентӣ бояд зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи ҳар як кишвар бо насли ҷавон алоқаи бевосита дорад. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ин, албатта, хуб аст, вале дар айни замон масъулияти калонро ба дӯши мо мегузорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати ҷавонон барномаи махсусро қабул намуда буд, ки ҳадаф аз он тарбияи насли сазовор мебошад.

Чунин насле, ки дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошанд, истиклолият ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунанд, аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошанд ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошанд. Ман итминони комил дорам, ки насли ояндаи тоҷикон маҳз ҳамин гуна хоҳад буд ва кори падару бобоёни худро бо сарбаландӣ идома хоҳад дод.

Вобаста ба ин як нуктаро бори дигар таъкид кардан мехоҳам: дар даврае, ки мо ба асри наву ҳазораи нав ворид гардидем, илму техника босуръат пеш меравад, равандҳои глобализатсия ва интегратсияи кишварҳо ба мамолики ҷаҳон беист идома дорад, зарурати омӯзиши забонҳое, ки чун воситаи муомилот дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, беш аз пеш эҳсос мегардад. Бинобар ин, мо дар баробари забони давлатӣ ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра, алалхусус дар маҳалҳо бояд ҳамеша эътибори ҷиддӣ диҳем.

Вақте дар бораи давлати нерӯманду кавӣ ҳарф мезанем, давлатеро дар назар дорем, ки дар доираи Конститутсия, қонунҳо вамеъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ фаъолият мекунад.

Мо ҳама бояд масъулияти худро дар назди Ватан амиқан эҳсос намоем.

Бо дарки ин ҳақиқат, мо тамоми қувваи худро ба он сарф кардем, ки омили асосию таъминкунандаи пешрафти ҷомеа — сулҳу оромӣ ба даст ояд ва бо ин таҷрибаи ҳалли масъалаҳои дохилиамон бори дигар исбот намудем, ки ба ҳама гуна пешравиҳо қодир ҳастем.

Масъулияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар назди ҷомеа хеле бузург аст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ҳаёти сиёсӣ набояд дар канор бошанд.

Инкишофи солими ҷомеа дар бисёр мавридҳо ба сатҳи масъулияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, камолоти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мавқеи воситаҳои ахбори омма вобастагии узвӣ дорад.

Вазифаҳои дар боло зикргардидаро ба хотири мустаҳкам намудани давлатдорӣ марҳила ба марҳила иҷро мекунем. Барои ба даст овардани ин мақсадҳо имрӯз зарур аст, ки мо тамоми ҷидду ҷахди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ахли ҷомеаро ҷалб намоем.

Хусусан, ки имсол барои мо соли воқеан таърихист.

Пас аз чанд моҳ ҷашни даҳсолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро таҷлил менамоем.

Даҳ соли истиқлолият ба таърихи миллати қадимаи тоҷик ва давлатдории тоҷикон ҳамчун давраи талошу худшиносӣ, болоравии бесобиқаи эҳсоси гарми худогоҳиву ифтихори миллӣ, хулоса як марҳилаи томи пешрафти Ватанамон дохил мегардад.

Даҳсолагии истиқлолият дар айни замон давраи меҳнати созанда ва исботи садоқати ҳар яки мо ба Ватани аҷдодӣ, сарзамини бостонӣ ва ифтихори миллии мост.

Аз ин рӯ, ба шумо, мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ба тамоми ҳамватанони азизам муроҷиат карда, изҳори умеду итминон менамоям, ки вазифаҳои гузошташуда дар ин соли таърихӣ — дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи истиқлолият маҳз бо саъю кӯшиши умумӣ ва ба хотири таъмини манфиатҳои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ободии Ватанамон, осудаҳолии халқамон ва таҳкими минбаъдаи давлатдориамон амалӣ мегарданд.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520