Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.04.2017 08:41, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншооти гуногун иштирок карданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст.

Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.    

Дар давоми солҳои 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро карда шудааст.

Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро (гранит), мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастур доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520