Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

08.05.2017 17:44, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимонаи  хешро ба муносибати пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия ирсол медорам.  

Ҷониби Тоҷикистон сатҳу мӯҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати  Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.  

Мо ба ояндаи  равобити ҳасана  бо Ҷумҳурии Франсия дидгоҳи нек дорем ва  умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз он муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои  гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.  

Омодагии хешро барои саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода иброз намуда, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия сулҳу суботи пойдор  ва шукуфоии рӯзафзун  таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520