Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба Неругоҳи барқи обии Роғун

10.05.2017 09:17, шаҳри Роғун

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон-Неругоҳи барқи обии Роғун ба ин шаҳр ташриф оварданд. Пазироии меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи саҳни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» сурат гирифт.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншооти азими аср  шинос шуда, бо ҳайати муҳандисону кормандони техникии иншоот мулоқот карданд.

Шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолати имрӯзаи мавзеи банду басти маҷрои дарё ва ҷараёни  бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз ёфт.

Тавре ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” бештар аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонида шудааст. Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали Неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулони НБО “Роғун”, ҳамзамон бо иҷроиши корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ мегардад. Хабар дода шуд, ки то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 47 адад асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб гардидааст. Лоиҳа ва технологияи сохтмони пешдарғот талаб мекунад, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмони геомембрана, ки дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шудааст. Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводҳо ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО “Роғун”  дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин “Кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳар як сохтмончиву муҳандис дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми дигар кардани маҷрои дарёи Вахш дар санаи 29- уми октябри соли 2016 сармашқи кор қарор дода, бобати дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои асосӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали ин иншоот имконоти мавҷударо мақсаднок истифода мебаранд.

Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи
пешдарғоти НБО “Роғун”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии-Т22 шиносоӣ пайдо карданд. Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22, ба итмом расида, дар маҷмӯъ корҳои нақбканӣ 157 286 м3, дар ҳаҷми 32 865 м3 метри мукааб ҳобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст. Айни замон кашонидани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақби мазкур дар маҷмӯъ (Т-22, Т-22I ва Т-22II) 600 метри тулонӣ мебошад.

Сатҳу сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад ва рағбату дилгармии диловарони Роғунро, ки теъдодашон имрӯз наздик ба 14 ҳазор нафар мерасад, таваҷҷуҳи доимӣ ва сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш додааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520