Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

31.05.2017 17:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, моро дучанд андӯҳгин намуд.

Мо ин амали ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи террористонро, ки хилофи суннату оинҳои поки дини мубини Ислом мебошад, шадидан маҳкум менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, наздикону пайвандони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520