Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

28.06.2017 09:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони кишварҳои аъзоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирон натиҷаҳои бобарорро орзу карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи олам бояд сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзо дар доираи ҳамкории дастаҷамъона ва огоҳона дар чаҳорчуби иттиҳод барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд ва бар зидди онҳо муқовимати шадиду оштинопазир нишон диҳанд.

Ҳамчунин зимни мулоқот зикр гардид, ки татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар доираи иттиҳод қабул гардида, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ, табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин сохторҳо барои таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат менамояд.      

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои судманди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520