Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

29.06.2017 14:51, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон  Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Туркманистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд.   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳими ҳамтои худ Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар тавсеаву таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард. Сарони кишварҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520