Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов

14.07.2017 13:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳарду ҷониб бояд васеъ истифода бурда шаванд.

Ҷонибҳо бар он ҳамфикр буданд, ки муносибатҳои судманд ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, имрӯз муколамаи доимии сиёсӣ ва заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шудааст.

Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ зарурияти фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ, ташкили Шӯрои корӣ ва ифтитоҳи Хонаҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки лоиҳаҳои инфрасохтории бузург, ки ҳарду давлат дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд омили муҳими рушди устувор ва ҳамгироии бобарор дар доираи минтақа ба ҳисоб мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масоили таъмини амнияту бехатарӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520