Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд

22.07.2017 10:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Шумо табрикоту таманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ - ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар - то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода  талошҳои зарурӣ варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ба нав дар масири иҷрои рисолати хеш ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520