Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

02.12.2010 18:00, Қазоқистон

Мўҳтарам ҷаноби Раис,
Мўҳтарам сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,

қабл аз ҳама мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Абишевич Назарбоев барои ташаббуси баргузории ин мулоқоти сатҳи олӣ ва истиқболи гарми ҳамаи ширкаткунандагон ибрози сипоси самимӣ намоям.

Мулоқоти мо дар соли барои САҲА ҷашнӣ доир мегардад: сивупанҷ сол қабл аз ин Паймони Ниҳоии Хелсинки ба имзо расида, баъди понздаҳ соли дигар Хартияи Париж барои Аврупои нав қабул гардида буд. Ин ду рўйдоди бузург роҳро барои бо ҳам наздик шудани давлатҳо ва халқҳо дар қаламрави аз Ванкувер то Владивостокро фарогир ҳамвор карда, барои кўшишҳои дастаҷамъона ба хотири таҳкими минбаъдаи амният ва чораҳои эътимод дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иқдоми ҷиддӣ гардиданд.

Соли оянда Тоҷикистон бистсолагии истиқлоли худро ҷашн хоҳад гирифт. Яке аз қадамҳои ҷиддӣ дар роҳи ташаккули давлати ҷавон ва таҳкими соҳибихтиёрӣ – ворид шудан ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буд. Ворид шудан ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар чаҳорчўбаи Созмон ба кишвари ман имконият дод, ки ҷомеаи дунявии дар асосҳои демократӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ асосёфтаро барпо намояд. Сабақи асосие, ки мо дар давоми солҳои шарикӣ гирифтем, аз он иборат аст, ки танҳо ҳамкории зич ва таҳкими чораҳои эътимод байни давлатҳои аъзои Созмон метавонад ба ташкили минтақаи босубот, осуда ва шукуфо мусоидат намояд.

Тоҷикистон талошҳои Созмонро дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои нав ҷонибдорӣ намуда, ба ин кори муҳим саҳми назаррас гузоштани худро идома медиҳад. Доир ба оқибатҳои ин хатару таҳдидҳо сухан ронда, мо пеш аз ҳама ба рафъи омилҳои барои пайдоиши онҳо мусоидаткунанда – фақру камбизоатӣ, бекорӣ, набудани шароити одилона барои рушди устувор ва эҷоди монеаҳои сунъӣ дар ин роҳ, мухолифатҳои байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо даъват мекунем.

Тоҷикистон манфиатдори рушду таҳкими минбаъдаи муносибати ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судманд бо ҳамаи кишварҳои дўст мебошад, зеро бе ҳамкорӣ ва шарикии пурсамар ноил шудани мо ба ҳадафҳоямон мушкил мегардад.

Меъёрҳои иқтисодиву экологӣ унсурҳои калидие мебошанд, ки ояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз онҳо вобаста аст. Фаъолияти Созмон дар ин соҳа бояд ба он равона карда шавад, ки қобилияти ба инобат гирифтани манфиатҳои воқеии давлатҳои ширкаткунандаро дошта бошад.

Мо бояд ба сатҳи ташаккул додани заминаҳои татбиқи консепсияи рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва истифодаи афзалиятҳои ҷаҳонишавӣ ба манфиати ҳама ноил гардем. Дар ин росто ташаббус доир ба ҳифзи муҳити зист ва амният, ки соли 2003 дар Маастрихт қабул шудааст, ҳанўз ҳам муҳим мебошад. Айни замон таҳдидҳои иқтисодиву экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва мавҷуд набудани амнияти энергетикӣ ба истиқрори вазъ дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хатари ҷиддӣ ворид менамоянд ва метавонанд вазъро чи миёни давлатҳо ва чи дар дохили ҳар як кишвари алоҳида шиддат диҳанд. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо чун созмони масъули минтақавӣ бояд ба омўзиш ва андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҳалли ин мушкилот саҳмгузор бошад.

Бо дарназардошт оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим, аз ҷумла нарасидани оби нўшокӣ ва ирригатсионӣ, биёбоншавӣ, ба ботлоқ мубаддал гардидани ҳудудҳои бузург ва камбуди ғизо, мо баррасии масъуларо доир ба он, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бояд ба раванди таҳияи механизмҳо ва усулҳои дахлдор дар мавриди пешгўӣ ва пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ, хусусан дар Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи ҳассос фаъолона ҷалб гардад, саривақтӣ мешуморем.

Мусоидат ба муколамаи ошкору созанда дар роҳи ҳалли фарогири мушкилоти обу энергетика ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ барои Созмон дар ояндаи наздик бояд масъалаи муҳиме гардад.

Бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар кишвари мо имкони обёрии кафолатноки зиёда аз 3 миллион гектар заминро дар ҳавзаи дарёи Омў дар солҳои камобӣ ва хушкӣ фароҳам меорад. Ва нерўи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаи дар онҳо истеҳсолшаванда метавонад талаботи афзудаистодаи натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсояро, ба шумули Афғонистон таъмин намояд.

Бояд ин масъаларо низ таъкид кард, ки ба шарофати истифодаи энергетикаи обӣ ҳамчун яке аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар минтақа дар бобати истихроҷи газ ба атмосфера ҷои охирро ишғол мекунад, ки ин саҳми мушаххаси мо дар солимгардонии экологии Осиёи Марказӣ мебошад. Зимнан, бо вуҷуди он, ки тақрибан шаст фоизи оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, кишвари мо каме бештар аз 7 фоизи ин обро истифода мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди он, ки тибқи асноди сершумори ҳуқуқи байналмилалӣ ва воқеияти рўз сарватҳои табиии дар қаламрави ҳар давлат ҷойгиршуда, қабл аз ҳама сарвати ҳамон кишвар ба шумор мераванд, мавқеи созандаеро пеш гирифтааст, ки манфиатщои умумиминта?авиро ба инобат мегирад.

Хонумҳо ва ҷанобони мўҳтарам,

Яке аз ўҳдадориҳои дар чаҳорчўбаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо қабулшуда мусоидат ба кишварҳои рушдёбанда аст, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд. Ин кишварҳо бо як қатор таҳдидҳои ҷиддии марбут ба хадамот дар соҳаи транзит ва маҳдудияти дастрасӣ ба бозорҳо рў ба рў ҳастанд. Аз ин лиҳоз қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодии кишварҳои рушдёбандае, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, мўҳтоҷи таваҷҷўҳи таъхирнопазир аст.

Интиқоли озоди шаҳрвандону сармоя, молу хадамот, босамар амал намудани роҳҳои нақлиётии байналмилалӣ дар минтақаи Созмон асоси рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамёрии кишварҳои аъзо аст.

Мо соддагардонии минбаъдаи расмиёти сарҳадӣ ва гумрукӣ, ҳамчунин таъмини фаъолияти бемамониати коридорҳои нақлиётиву транзитии байналхалқиро ҷузъи ҷудонашавандаи ўҳдадориҳои хеш дар чаҳорчўбаи Созмон арзёбӣ менамоем, ки бо консепсияи амнияти фарогири он комилан ҳамовоз аст.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламраваш аз қўҳҳо иборат аст, дар самти наздик шудан ба шоҳроҳҳои транзитӣ ва бозорҳои минтақавӣ иқдомоти муайянро амалӣ месозад.

Мо аз вазъи ин соҳа дар Осиёи Марказӣ ғайриқаноатманд будани худро изҳор менамоем. Кўшишҳои дар роҳҳои оҳан ва автомобилгарди транзитии байналмилалӣ, ки аз тариқи онҳо ба Тоҷикистон молу мавод ворид мегардад, эҷод намудани монеаву саддҳо, гирифтани пеши роҳи интиқоли барқу газ аз кишварҳои сеюм ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инфрасохтор ва аҳолии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Вақтҳои охир мо бештар таъкид менамоем, ки амнияти Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон – давлати ҳамшарики Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иртиботи ногусастанӣ дорад.

Мо ҷараёни ҳодисотро дар ин кишвар, ки Тоҷикистон бо он сарҳади дар Осиёи Миёна дарозтарин ва бо релйефи мураккаби кўҳӣ дорад, аз нуқтаи назари мубориза бо терроризм, экстремизм ва тиҷорати маводи мухаддир баррасӣ мекунем.

Дар баробари ин, мо мўъта?идем, ки амалиёти самаранок бар зидди ин таҳдидҳо танҳо тавассути талошҳои ҳамоҳангшудаи муштарак бо ширкати худи ҷониби Афғонистон имконпазир аст. Маҳз бо ҳамин мақсад мо соли 2009 ҳамроҳи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир ба таъсиси Коллеҷи сарҳадӣ дар Душанбе ташаббус кардем, ки вазифаи он натанҳо тарбия ва бозомўзии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ, балки ҳамаи минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ба шумули Афғонистон мебошад. Дар як муддати кўтоҳи мавҷудияти худ ин ниҳоди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо самаранокии худро дар кори такмили механизмҳои ҳифзи сарҳад бо Афғонистон собит намуд.

Бо дарназардошти таҳдиди рўзафзуни терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мо аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамаи давлатҳои аъзо даъват мекунем, ки минбаъд низ ба фаъолияти муваффақонаи ин ниҳоди муҳим мусоидат расонанд, ҳамчунин расонидани кўмаки амалиро ба ҳукумати Тоҷикистон дар амри таҳкими минбаъдаи сарҳад идома бахшанд.

ҳарчи бештар фаҳмиши он нукта роиҷ мегардад, ки мушкилоти Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва ин боиси хушнудист. Равандҳои дар ин кишвар идомаёфтаистода андешаи возеҳро дар бобати афзалият додан ба ҳалли маҷмўии мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон нисбат ба чораҳои низомӣ тасдиқ мекунанд.

Тоҷикистон дар асоси тавофуқоти дуҷониба ва бисёрҷониба бо Афғонистон оид ба сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддат, тарбия ва бозомўзии мутахассисону кадрҳо, бунёди роҳҳову пулҳои қаторагард ва мошингард, ки кишварҳои моро бо дигар самтҳо мепайванданд, саҳми воқеии худро дар барқарорсозии иқтисодиёти давлати ба мо дўсту ҳамсоя мегузорад. Тоҷикистон ба амалияи эҳёи муҷаддади иқтисодиёти ин кишвари ҳамсояву дўст, инчунин дар кори мубориза бо маводи мухаддир саҳми воқеӣ мегузорад. Мо барои дар ин роҳ истифода намудани ҳамаи имконияту инфрасохтори худ омодагии хешро иброз медорем. Аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки кўшишҳои худро ҷиҳати расонидани кўмаки иқтисодӣ ба Афғонистон, ки дар конфронси байналмилалӣ дар Кобул эълом шуда буд, тавсеа бахшанд.

Проблемаи истеҳсолу интишори ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо ба амнияту истиқрор дар минтақаи Созмон халали ҷиддӣ ворид менамояд. Тибқи маълумоти охирини Созмони Милали Муттаҳид истеҳсоли опиум дар Афғонистон дар соли 2010 дар ҳаҷми 3600 тонна арзёбӣ мегардад, ки ин нисбат ба соли 2009 хеле кам мебошад. Зарур аст, ки ин тамоюл ҳамаҷониба таҳким бахшида шавад, чунки тиҷорати маводи мухаддир барои гурўҳҳои террористиву экстремистие, ки кўшиши халалдор сохтани вазъро дар Осиёи Марказӣ доранд, заминаи нерўманди молиявиро фароҳам месозад.

Имрўз Тоҷикистон ба ҳайси қисмати калидии монеа дар рўёруи сели қатънашавандаи маводи мухаддир истодааст. Бо дарназардошти ин омил мо умедворем, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаву барномаҳои худ дар чаҳорчубаи миқёси аввал, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ин самти фаъолияти худро дар Тоҷикистон тақвият хоҳад бахшид.

ҷинояткории вобаста ба маводи мухаддир якҷо бо терроризми байналхалқӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ба амнияти натанҳо Осиёи Марказӣ ва Россия, балки Аврупо ва ИМА таҳдид мекунад. Бо дарназардошти миқёси проблема барои ҳалли он талошҳои дастаҷамъонаи давлатҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо ҷалби фаъолонаи Афғонистон заруранд.

Тоҷикистон нигаронии амиқи хешро нисбати ҳанўз боқӣ мондани хатари минаҳо дар Осиёи Марказӣ, ки аз онҳо мардуми осоишта ба ҳалокат мерасад, изҳор менамояд.

Бо дарназардошти тавсияи Конфронси минтақавии Созмон дар Душанбе аз соли 2009 мо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва инчунин, Хазинаи Байналмилалии Эътимодиро даъват менамоем, ки дар мубориза бо хатари минаҳо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки дар қаламрави он майдонҳои васеи мина мавҷуданд ва барои аҳолии осоишта хатари маргбор доранд, гомҳои устувор бардоранд.

Мо бо тасдиқи даъвати ҳукумати Тоҷикистон Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва раёсати ояндаи Литваро даъват мекунем, ки корро доир ба ифтитоҳи Шўрои Минтақавии зиддиминагии Созмон дар Душанбе суръат бахшанд. Ин иқдом ба ҳадафу вазифаҳои Конвенсияи Оттава ҷавобгў хоҳад буд.

ҳукумати Тоҷикистон ба масоили тақвияти минбаъдаи демократиконӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, минҷумла озодии дин ва озодии сухан таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Мо гуфтугўи фаъолонаро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома мебахшем ва барои иҷрои ўҳдадориҳоямон дар доираи меъёрҳои гуманитарӣ кўшиш ба харҷ медиҳем.

Идораи босамари равандҳои муҳоҷират ҳам ба кишварҳои фиристанда ва ҳам пазиранда мутақобилан судманд аст. Мо амиқан мўътакидем, ки муҳоҷират ҳеҷ гоҳ монеаи роҳи рушд шуда наметавонад. Дар ин ҷода мо ҷонибдори кўшишҳое ҳастем, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ дар роҳи муҳоҷират, такмили ҳимояи муҳоҷирон ва ба шароити кишварҳои пазиранда мутобиқ шудани онҳо ба харҷ медиҳад.

Дар ин дунёи зудтағйирёбанда ягон кишвар ва ё созмони байналмилалӣ бе татбиқи ислоҳоти лозима ва сари вақт мутобиқ шудан ба шароити нав вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин, ташаббусҳои муҳим, аз қабили самаранокии намояндагиҳои маҳаллӣ, таҳкими методологияи омўзиши афкори интихобкунандагон, такмили фаъолияти барномавию буҷетӣ, таъмини тавозуни ҷуғрофӣ ва тавозуни миёни се меъёр, ба андешаи мо, ҷавобгўи фаъолияти ҳарчи пурсамари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мебошанд.

Таҳкими вазифаву ваколатҳои Муншии Умумии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамчунин қобили қабули ҳамагон гардонидани сохтори Котибот ба хотири баланд бардоштани самараи амали Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо зарур дониста мешавад. Ба иҷрои ин вазифа қабул намудани чунин санади асосие, мисли Ойинномаи Созмони мо ҷавобгў мебуд.

Масъалаҳои муҳими рўзномаи ояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бояд натанҳо аз лиҳози хатарҳои яқин ба амният, балки ҳамчун ҷанбаи ҳамкории бисёрҷониба ва минтақавӣ, инчунин асоси мустаҳкам барои таҳкими чораҳои эътимод миёни давлатҳо баррасӣ гарданд.

Мулоқоти имрўза ормони кишварҳои аъзоро ҷиҳати такмили фаъолияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва тавсеаи имкониятҳои он иброз намуд. Умедворем, ки мулоқоти мо дар сатҳи олӣ ба ҳамаи мо имкони онро фароҳам хоҳад овард, то ба гузашта назари огоҳона андозем, хатару таҳдидҳои муосирро дуруст арзёбӣ кунем ва бархўрди мувофиқашударо ба таъмини минбаъдаи сулҳу субот дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия намоем. Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои нави дар назди Созмон истода мусоидати комил ва муассир хоҳад кард.

Дар фарҷом, иҷоза фармоед ба табрикоти ба Президенти ҷумҳурии Литва ба муносибати дар соли 2011 Раиси Созмон интихоб шуданаш иброзшуда шарик гардам ва ба ў дар ин кори пурмасъулият комёбиҳо орзу намоям.

Аз таваҷҷўҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520