Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфтали

28.08.2017 14:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталиро ба ҳузур пазируфтанд.

Рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари бародари Афғонистон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори тақвияти ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеаи бештар бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд.

Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳимми таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.

 Дар ҳамин замина ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаи таъмини амнияту суботи сартосари дар қаламрави Афғонистон баҳои баланд дода шуд.

Доир ба таҳкими ҳамкориҳои ҳарбиву техникии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар самтҳои амниятӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, иқдомҳои муштарак дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, муборизаи беамон алайҳи шабакаҳои террористии байналмилалӣ, амалҳои ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мувофиқи мақсад шуморида шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520